Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Баҳрайн ду бозии дӯстона мекунад


Дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон бо тими ҷавонони Баҳрайн (U-23) ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозиҳои дӯстона рӯзҳои 3-юм ва 6-уми сентябр дар пойтахти Баҳрайн - шаҳри Манама - баргузор мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстонаи футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Баҳрайн дар доираи омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 доир мегарданд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27-ум то 31-уми октябри имсол дар Душанбе барпо мегардад, дар гурӯҳи «В» бо мунтахабҳои ҷавонони Лубнон, Непал ва Эрон рақобат хоҳад кард.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 27-уми октябр бо мунтахаби Лубнон, 29-уми октябр бо дастаи Непал ва 31-уми октябр бо тими Эрон бозӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG