Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон "афви умумӣ" эълом кард ва аз занон хост, ба давлати онҳо "бипайванданд"


Гурӯҳи "Толибон" рӯзи сешанбе эълом дошт, ки нисбати ҳамаи кормандони идораҳои давлатии Афғонистон "афви умумӣ" эълон кардааст. Ин дар ҳолест, ки кормандони давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои хориҷӣ аз эҳтимоли таъқиб шудан нигаронанд. Аз сӯе ҳам иддае мепурсанд, онҳо барои кадом гуноҳашон бояд "афв" карда шаванд?

Ваъдаҳои пайиҳам ва нобоварии афзун

Дар баёнияи гурӯҳи “Толибон”, ки 17-уми август нашр шуд, омадааст, "барои ҳама коркунони давлат афви умумӣ эълом мешавад ва Шумо бо итминони комил бояд зиндагии маъмули рӯзонаи худро аз сар бигиред".

Пеш аз ин низ “Толибон” гуфта буд, ки амнияти дипломатҳо ва кормандони хориҷиро таъмин хоҳад кард ва ин афрод метавонанд кори худро идома диҳанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон” аз мақомҳои давлат хоста буд, кишварро тарк накунанд ва афзуда буд, ин гурӯҳ қасди "интиқом" надорад.

Ин дар ҳолест, ки ду рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳо ва наворҳои видеоӣ чарх мезананд, ки нишон медиҳанд, “Толибон” афродеро, ки бо сафоратҳои хориҷӣ кор мекарданд, пас аз шиносоӣ ҷазо медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир бештари сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Афғонистон кори худро қатъ карда, дар ҳоли берун рафтан аз ин кишвар ҳастанд.

“Толибон”, ки муддатҳо бахшҳоеро аз Афғонистон таҳти назорат дошт, дар муддати камтар аз як ҳафта муваффақ шуд тақрибан ҳама қаламрави Афғонистон, ба ҷуз аз Панҷшерро тасарруф кунад.

Гурӯҳ гуфт, "намехоҳад занон қурбонӣ бошанд"

Ба навиштаи бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, “Толибон” аз занон хостааст, ба ҳукумати ин гурӯҳ ҳамроҳ шаванд.

Инъомуллоҳ Самангонӣ, як узви Комиссияи фарҳангии “Толибон”, 17-уми август дар телевизиони давлатии Афғонистон эълон кард, ки занон бояд бино бар қонуни шариат дар сохтори ҳукумат шомил бошанд. Ӯ гуфтааст, "Имороти исломӣ намехоҳад, ки занон қурбонӣ бошанд".

Пас аз он, ки Толибон Кобул -- пойтахти Афғонистон ва дигар минтақаҳои ин кишварро ишғол карданд, занон ва духтарон нигарон шуданд, ки дастовардҳояшон аз байн меравад. Ҳарчанд гуруҳи “Толибон” пеш аз ин ҳам гуфтааст, ба ҳуқуқи занон ва духтарон аз рӯйи шариати исломӣ эҳтиром қоил аст, бисёре аз занон ин ваъдаҳои Толибонро умумӣ хондаанд.

Дар даврони ҳокимияти режими Толибон дар нимаи дувуми даҳаи 90-и милодӣ дар Афғонистон, занон ва духтарон аз ҳаққи таҳсил ва кор кардан маҳрум буданд.

XS
SM
MD
LG