Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3, 5 ё 7 сомонӣ? Арзиши "таксиҳои мардумӣ" дар Душанбе боло рафт, вазорат баррасӣ дорад. ВИДЕО


Яке аз кӯчаҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Яке аз кӯчаҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Баъд аз афзоиши нархи газу бензин дар Тоҷикистон, арзиши хадамоти таксӣ дар Душанбе ва гӯшаҳои дигари кишвар боло рафта, боис ба нигаронии мардум шудааст. Барои мисол, нархи "таксии мардумӣ" дар пойтахт, ки пештар 5 сомонӣ буд, ҳоло 7 сомонист.

Дар ҳоле ки Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хомӯш аст, дар Вазорати нақлиёт мегӯянд, таъсири болоравии арзиши газу бензинро натанҳо ба роҳкирои мусофирон, балки ба боркашонӣ ҳам баррасӣ доранд.

"Ҳоло як гурӯҳи махсуси Вазорати нақлиёт ва сохторҳои дигар ин масъаларо баррасӣ мекунанд. Вақте кори кумисюн ба охир расид, маълум мешавад, ки нархи роҳкиро ва боркашонӣ чи қадар афзоиш меёбад", -- гуфт Хандонгул Доробова, сардабири нашрияи расмии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки сокинон мегӯянд, баъзе аз ронандагони таксии ба истилоҳ "мардумӣ", ки дар оғоз бо номи "таксиҳои 3 сомонӣ" машҳур буданд, аллакай арзиши хадамотро то ҳафт-ҳашт сомонӣ боло бурдаанд.

Баъзе аз мусофирон мегӯянд, ба сабаби хуб ба роҳ монда нашудани хадамоти нақлиёти ҷамъиятӣ, барои зуд аз ҷое ба ҷое расидан аз "таксиҳои мардумӣ" истифода мекарданд, вале акнун зӯрашон намерасад.

Шоҳзамон Раҳмонов, як сокини Душанбе, гуфт, "аввал 3 сомонӣ буд, баъд 5 сомонӣ шуд. Ҳозир 7-8 сомонӣ. Ба ҷайби мардуми коргар дуруст намеояд. Ҳама пули калон намегиранд. Мехоҳӣ, зуд ба кор равӣ ё ба китобхона, таксӣ 7-8 сомонӣ мепурсад. Гарон аст."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Таксии мардумӣ" барои бисёриҳо дастнорас мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Ронандаҳо дар навбати худ мегӯянд, ки барои чунин нархгузорӣ ночор ҳастанд, чун газу бензинро гарон мегиранд. "Илова ба ин, бояд ҳаққи ронанда ва хароҷоти дигари мошинро ҳам ба назар гирифт. Нозирони роҳ ҳар чанд вақт медоранд, баъзан ҷарима мебанданд", -- гуфт яке аз ронандаҳо дар Душанбе, ки нахост ному насабаш зикр шавад.

Коршиносон болоравии арзиши роҳкироро дар ҳафтаҳои охир дар Тоҷикистон «кори воридкунандагони сӯзишворӣ» медонанд. Фозилҷон Фатҳуллоев, иқтисоддони тоҷик, бовар дорад, чанд ширкати бузурги воридкунандаи сӯзишворӣ дар кишвар бозорро инҳисор ё монополия кардаанд ва пасту болоравии нарх ҳам аз онҳо вобастааст.

«Ширкатҳои монополист бениҳоят зиёданд. Боз ҳастанд ширкатҳое, ки дар дохили худ 10 ширкати дигар доранд бо ному раҳбарони гуногун. Онҳо бо нарх бозӣ мекунанд. Аз ҳамин сабаб, ин реаксияи занҷириро дар иқтисод ба вуқуъ мепайвандад», -- шарҳ дод ӯ.

Мақомот сабаби якбора болоравии нархи сӯзишворӣ ва ҳам кам шудани онро дар ҳафтаҳои охир ба гарон шудани нарх дар бозори ҷаҳонӣ рабт доданд. Сабаби дигар коҳиши воридоти гази моеъ аз Қазоқистон будааст.

Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт то ба ҳол маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка, мегирад. Ба иттилои расмӣ, соли 2020 ба кишвар 234 ҳазор тонна бензин ва 298 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ овардаанд.

XS
SM
MD
LG