Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

25 ҳазору 200 сомонӣ. Нархи хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон маълум шуд


Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад.
Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад.

Арзиши хидмати алтернативӣ дар артиши Тоҷикистонро, ки як моҳ тӯл хоҳад кашид, муайян кардаанд. Бино ба қарори нави ҳукумати Тоҷикистон, нархи ин навъи хидмати сарбозӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 60 сомонӣ) аст, ки ба 25 ҳазору 200 сомонӣ баробар мебошад.

Дар ин бора пойгоҳи Your.tj рӯзи 16-уми август хабар дода, навишт, қарори ҳукуматро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 30-юми июл имзо карда буд, вале он нав дастраси расонаҳо шуд.

Тоҷикистон қонун "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ"-ро дар поёни моҳи январи имсол ислоҳ кард ва мувофиқи он мафҳуми хидмати алтернативӣ ҷорӣ шуд.

Бино бар он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, онҳое, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд. Шумори ҷавононе, ки хидмати алтернативиро метавонанд сипарӣ кунанд, ҳар сол аз тарафи ҳукумат муайян мегардад.

Ҷавононе, ки пули хидмати алтернативиро пардохтаанд, вале дар мавсими ҷалб ба артиш ҷой намерасад, дар мавсими дигар ба хидмати якмоҳа мегиранд. То он замон афроде, ки пули хидмати алтернативиро падохтаанд, ба артиш бурда намешаванд.

Бино бар тағйироти воридшуда ба қонуни сарбозӣ, ҷавононе, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, танҳо пас аз 12 моҳи хидмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта хатмкардаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ шуда, рутба мегирифтанд.

Ҳамчунин, минбаъд танҳо шахсоне ба ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ, мубориза бо коррупсия, гумрук ва Хадамоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд, ки хидмати ҳарбӣ кардаанд.

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ҳамасола даҳҳо ҳолати латукӯби сарбозонро дар қисмҳои ҳарбӣ сабт мекунанд.

XS
SM
MD
LG