Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавируси нав дар Тоҷикистон: 16061 бемор ва 123 қурбонӣ


Мошини Ёрии таъҷилӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Мошини Ёрии таъҷилӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Шумори расмии гирифторони коронавируси нав дар Тоҷикистон ба 16 ҳазору 61 кас расид. Намояндагони Вазорати тандурустӣ гуфтанд, танҳо дар рӯзи 14-уми август бемории 78 нафарро сабт карданд.

Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрели соли гузашта то ин дам, 123 нафар қурбонии бемории ҳамагир шуда, зиёда аз 15 ҳазор кас ё беш аз 97 дарсади гирифторон шифо ёфтаанд.

Иддае ба ин рақамҳо бо шубҳа менигаранд ва омори воқеиро бештар аз ин медонанд. Сарчашмаи нобоварӣ ба омори расмӣ аз он ҷост, ки Вазорати тандурустӣ бештари фавти сокинонро ба илтиҳоби шуш ё маризиҳои дигар рабт додааст.

Дар ҳоли ҳозир шумори гирифторон ба COVID-19 дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, рӯ ба афзоиш аст. Яке аз сабабҳои бештар шудани гирифторонро Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба навъи "Делта"-и коронавирус рабт медиҳад.
Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 26-уми июл эълон карданд, ки эҳтимол навъи "Делта" (Delta)-и коронавирус дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Гуруҳе хоҳони онанд, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ дар Тоҷикистон ҳарчи зуд карантин эълон шавад. Ҳизби демократ низ дар муроҷиате аз Ситоди муқобила бо коронавирус хост, ба камияш бист рӯз "карантин" ҷорӣ намояд.
Аммо на дар мавҷи аввали беморӣ ва на ҳоло карантин эълон нашудааст. Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон,шаш рӯз пеш гуфта буд, ки ҳоло зарурати ҷорӣ кардани карантин нест, "зеро вазъият он тавре нест, ки карантин роҳандозӣ шавад. Мардум бояд талош кунанд, ки ваксина гиранд, эҳтиёткор бошанд ва тавсияҳои мутахассисонро барои пешгирӣ ҷиддӣ гиранду риоя кунанд."
Дар Тоҷикистон охири моҳи апрели соли гузашта ва дар пайи фишори дохиливу берунӣ вуҷуди коронавирусро эътироф карданд.
Мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то охири моҳи июни имсол пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар сирояти коронавирус сабт нашудааст. Ситоди муқобила бо коронавирус танҳо 21-уми июн тасдиқ кард, ки сокинон дубора ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд.
XS
SM
MD
LG