Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назокат Ашӯрова - ороишгари хайрхоҳи ятимону пиронсолон. ВИДЕО


Назокат Ашӯрова мегӯяд, ҳар як инсон мехоҳад зебо бошад, муҳим нест, ки ӯ доро аст ё нодор ва ӯву ҳамкоронаш омода ҳастанд ба қишри ниёзманди бонувон ройгон хидмат кунанд.
Назокат Ашӯрова мегӯяд, ҳар як инсон мехоҳад зебо бошад, муҳим нест, ки ӯ доро аст ё нодор ва ӯву ҳамкоронаш омода ҳастанд ба қишри ниёзманди бонувон ройгон хидмат кунанд.

Назокат Ашӯрова, ороишгаре бо собиқаи 8-солаи корӣ дар як кошонаи ҳусне дар шаҳри Душанбе кор мекунад.

Ҳамаи муштариёни ӯ як хоҳиш доранд – мехоҳанд зебову натакрор бошанд ва Назокату ҳамкоронаш ин хоҳиши онҳоро бароварда месозанд. Вале кори Назокат аз дигарҳо бо он фарқ мекунад, ки хидмати пулакӣ, барои ниёзмандону муштариҳои дасткӯтоҳ ройгон кӯмак мекунад.

Назокат Ашӯроваро дар хонаи пиронсолони маҳаллӣ хуб мешиносанд, чун ҳар сари чанд вақт ба аёдати бонувони он рафта, барояшон хурсандӣ мебахшад. Ӯ мегӯяд, хоҳиши зебо будан танҳо хоси гурӯҳи дорову сарватманд нест, ҳар зан ва духтар мехоҳад, ки чеҳраи мураттабу хостанӣ дошта бошад ва Назокат омода аст барои ин гурӯҳ кӯмак кунад. “Вақте мебинам, ки онҳо мехоҳанду имкон надоранд, ба ин гуна одамҳо кӯмак кардан хеле таъсирбахш аст. Онҳо миннатдор ва хурсанд мешаванд”, гуфт Назокат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Хадамоти ороишгарӣ дар Тоҷикистон – як кишвари шарқие, ки аксар занону мардонаш зебоипарастанд, арзон нест. Харҷи ороиши мӯй дар ороишгоҳҳои шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна аз 10 доллар боло аст ва дар шароите, ки ҳар нафари сеюм зери хати фақр ба сар мебарад, пардохт кардани ин маблағ на барои ҳама имконпазир аст. Харҷи маблағ барои ғизо ва маишати зиндагӣ дар буҷаи аксар хонаводаҳо дар ҷои аввал қарор дорад.

Хидмати ройгони ороишгари савобҷӯй
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Любов Погаренко, ки дар ҷавониву миёнасолӣ тавони мустақилона нигоҳубин кардани мӯю чеҳраашоро дошт, ҳоло ба умеди Назокат аст. Омадани Назокат барои хонум Любов мисли ид аст: “Дар ин муддате, ки инҷо қарор дорам, Назокат доимо моро хабар мегирад ва ба мо хурсандӣ меоварад. Ҳар зан бо вуҷуди беморӣ, мехоҳад, ки зебо бошад. Назокат ба мо кӯмак мекунад, ки он намуди зоҳирие, ки қаблан доштем, ба тартиб оварем ва ба атрофиёну духтурон хуб намоем”.

Назокат Ашӯрова инчунин ба ятимхонаҳо ҳам барои ороишгарӣ меравад. Иқрор мешавад, ки баъди дидани иқдодми хайрхоҳонаи як ҳамкасби дигараш ӯ ҳам ба кори хайр гузашт. Мегӯяд, накӯкорӣ ба ӯ ҳам “сироят” кард ва аз иқдоми ӯ пайравӣ намуд. Ба гуфтааш, кори хайрро баъди ороиши мӯи ҷавондухтаре шуруъ кард, ки имкони молӣ надошт, аммо орзуи зебо буданро мекард: “Ман вай духтаракро овардам ва барои арӯсиаш оро додам. Ӯ оиладор шуд, хушбахт аст, ду фарзанд дорад. Аз ҳамин ҷо иқдоми ман сар шуд”.

Назокат мегӯяд, дар аввал мустақилона пайравӣ кард, вале баъдан чанд ҳамкораш ҳам ба ӯ ҳамроҳ шуданд ва ба гуфтааш, “Ҳоло дар командаи мо беш аз 5 нафар ҳастем” ва ҳамаи онҳо ҳам аз рӯи тавон барои ниёзмандон хидмат мекунанд.

Назокат ба саволи ин ки оё фикр намекунад, ки аз роҳи кори ройгон вақту нирӯяш сарф мешавад, гуфт, вақте як нафари ниёзмандро хушҳол мебинад, подоши кораш ҳам ҳамин мешавад.

XS
SM
MD
LG