Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Бритониё гуфт, "эҳтимоли бозгашти нирӯҳои ғарбӣ ба Афғонистон вуҷуд дорад"


Вазири дифои Бритониё Бен Уоллес
Вазири дифои Бритониё Бен Уоллес

Бен Уоллес, вазири дифои Бритониё гуфт, агар дар заминаи пешрафти Толибон гурӯҳи террористии «Ал-Қоида» ҷойгоҳи худро дар Афғонистон устувор кунад, эҳтимол дорад, кишварҳои Ғарб низомиёни худро ба Афғонистон баргардонанд. Уоллес ин андешаро рӯзи 13-уми август дар мусоҳибааш бо радиои LBC баён кард. Ӯ гуфт, агар Толибон бо “Ал-Қоида” ҳамкорӣ кунад, ин чиз боиси ҳамла ба давлатҳои ғарбӣ ва кишварҳои дигар мешавад. Он гоҳ Ғарб “метавонад” ба Афғонистон баргардад. Уоллес амалан нахустин мансабдори баландпояи Ғарб аст, ки бозгашти нерӯҳои байнулмилалиро ба Афғонистон аз эҳтимол дур намешуморад. Пештар раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден гуфт, аз қарори баровардани қувваҳои ҳарбии Амрико аз Афғонистон "пушаймон нест".

Рӯзи панҷшанбе мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки шумори кормандони мулкии сафорати ИМА дар Афғонистон камтар мешавад ва барои таъмини амнияти онҳо ба ҳангоми хуруҷи кормандон 3 ҳазор сарбози иловагӣ муваққатан ба Афғонистон фиристода мешаванд.

XS
SM
MD
LG