Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ озодии билофосилаи журналисти беларусиро тақозо кард


Сергей Ҳардиевич дар додгоҳ. 2-юми августи соли 2021
Сергей Ҳардиевич дар додгоҳ. 2-юми августи соли 2021

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) аз мақомоти Беларус тақозо кард, журналист Сергей Ҳардиевичро, ки бо иттиҳоми таҳқири раҳбари худкома Александр Лукашенко ва ду ходими полис ба 18 моҳи ҳабс маҳкум шудааст, билофосила озод кунанд. Карлос Мартинес де ла Серга, раҳбари барномавии CPJ рӯзи 12 август бо нашри изҳороте гуфт, ки “ҳабси журналист Сергей Ҳардиевич бори дигар вайрон кардани қонун аз ҷониби мақомоти Беларусро ба намоиш мегузорад, ки ҳадафаш пахши садои журналистони пӯшишдиҳандаи қонушиканиҳои кормандони ҳифзи қонун мебошад”. Ӯ гуфт, мақомот бояд бидуни ба чолиш кашидани аризаи бозбинии ҳукми Ҳардиевич ӯву дигар журналистони ғайриқонунӣ ҳабсшударо озод кунанд. Ҳардиевич хабарнигори вебсайти иттилоотии “Перший регион” рӯзи 2-юми август дар шаҳри ғарбии Брест ба зиндон маҳкум шуд. Дар парванда навишта шудааст, ки Ҳардиевич дар шабакаҳо ҳукуматро таҳқир мекарду як дафъа Лукашенкаро “калламуш” номид. Ҳардиевич гуфт, ки аз болои ин ҳукм шикоят мекунад.

XS
SM
MD
LG