Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Депортатсияи 40-солаи муҳоҷирон. Ширкатдорони занозании гурӯҳӣ аз Русия ронда мешаванд


Русия, ки барои нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ интиқод мешавад, барои ширкатдорони занозаниҳои гурӯҳии шаҳрвандони хориҷӣ муҷозоти сангине ҷорӣ кард: ихроҷи тақрибан якумрӣ аз Русия
Русия, ки барои нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ интиқод мешавад, барои ширкатдорони занозаниҳои гурӯҳии шаҳрвандони хориҷӣ муҷозоти сангине ҷорӣ кард: ихроҷи тақрибан якумрӣ аз Русия

Мақомоти Русия беш аз 100 муҳоҷиреро, ки дар занозании гурӯҳии шаби 11-уми июл дар назди истгоҳи метрои Кузминкии шаҳри Маскав ширкат карда буданд, барои 40 сол аз ҳаққи ворид шудан ба Русия маҳрум карданд. Ба навиштаи расонаҳои Русия, ин муҳоҷирон шаҳрвандони Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон мебошанд.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, шаби 27-уми июл низ муҳоҷирон дар яке аз кӯчаҳои марказии Санкт-Петербург занозанӣ карданд ва он бештар ба муҳорибаи бидуни қоида монандӣ дошт.
Вазорати корҳои дохилии Русия ҳушдор дод: "Он шаҳрвандони хориҷие, ки дар занозаниҳои гуруҳӣ иштирок мекунанд, на танҳо аз Русия берун, балки “мамнуъ-ул-вуруд” хоҳанд шуд. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, ҳафтаҳои охир ҷанҷоли оммавии муҳоҷирон дар Русия зиёд шудааст.
Чунин ҳолатҳо дар Маскаву Санкт-Петербург, Амурск, Свердловск ва Ҷумҳурии Доғистон сабт шуданд. Баъзе ин ҷанҷолҳо хушунат ва ҳамла ба намояндагони мақомотро низ дар пай доштааст. Ҳамчунин иштирокдорони занозаниҳо роҳҳоро баста, ба иншооти шаҳрӣ зарар расондаанд.

Маълум нест сабаби ин занозаниҳои гурӯҳӣ ва сабаби афзоиши ин ҳодисаҳо чӣ аст, вале дар гузашта муҳоҷирони корӣ бисёр вақт қурбонии тақсимоти ноодилонаи кор дар бозорҳои маҳаллӣ мешуданд.

XS
SM
MD
LG