Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии муҳоҷирон: Саривақт сабтином ва соҳиби патент шавед


Корманди маркази "Сахарово" шаҳрванди Молдоваро, ки дар Русия ҷӯёи кор аст, ба қайд мегирад
Корманди маркази "Сахарово" шаҳрванди Молдоваро, ки дар Русия ҷӯёи кор аст, ба қайд мегирад

Маркази муҳоҷирати “Сахарово” дар Маскав гуфтааст, ки ҳудуди 50 ҳазор нафар муҳоҷиронӣ корӣ беш аз ду моҳ боз пули патентро пардохт намекунанд.
Вадим Коженов, роҳбари Федератсияи муҳоҷирон дар Русия бар пояи ин омор гуфт, бисёре аз муҳоҷирон тамдид шудани фармони президентро ғалат фаҳмида патент намегиранд ва пули онро ҳам пардохт намекунанд, ки метавонад боиси ихроҷи онҳо аз Русия шавад. Коженов гуфт, тамдиди фармони Путин ҷиҳати сабти номи ҷойи иқомат бидуни убури сарҳад ба маъное нест, ки муҳоҷирон патент нагиранд ва пули онро пардохт накунанд.

Ӯ афзуд, баъзе муҳоҷирон тибқи одат бо шунидани хабари фармони президент патент намегиранд ва ё пули онро пардохт намекунанд. Ба гуфтаи Коженов, дар сурати боздошт шудуни чунин муҳоҷирон онҳо ҷарима мешаванд ва агар бори дуввум дар вайрон кардани қонун гумонбар шаванд, мақомот онҳоро аз кишвар хориҷ хоҳанд кард.
Бо наздик шудани анҷоми муҳлати фармони президенти Русия навбати муҳоҷирон дар назди маркази муҳоҷирати «Сахарово» меафзояд. Муҳлати сабти иқомати муҳоҷирон то 1-уми сентябр тамдид ёфтааст ва то он замон муҳоҷирон бидуни ҷарима метавонанд патент бигиранд ва санадҳои худро бидуни ҷазо қонунӣ гардонанд.

XS
SM
MD
LG