Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми дифоии Амрико: Гурӯҳи Толибон мумкин аст Кобулро дар 90 рӯз тасарруф кунад


Шаҳри Пули Хумрӣ пас аз тасарруфи Толибон.

Ҳамзамон бо ишғоли 9 маркази вилояти Афғонистон ба дасти Толибон, як мақоми дифоии Амрико рӯзи чаҳоршанбе ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, эҳтимол дорад Толибон шаҳри Кобулро дар муддати 30 рӯз муҳосира ва зарфи 90 рӯз тасарруф кунанд.

Ин мақом, ки нахост номаш ошкор шавад, бо такя ба гузоришҳои ниҳодҳои кашфии Амрико афзуд, ин гуфтаҳои ӯ натиҷаи баррасиҳои пешравиҳои Толибон дар саросари он кишвар аст. Вай ҳамзамон илова кард, ин натиҷагириро набояд "қатъӣ" донист ва дар сурате, ки нерӯҳои амниятии афғон битавонанд муқовимати бештаре кунанд, имкон дорад, натиҷа баръакс бошад.

Аз тарафи дигар, як манбаи амниятии ғарбӣ дар Кобул рӯзи чаҳоршанбе ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, ҳоло дар ҳама атрофи пойтахт ғайринизомиён аз ҷангу хушунат аз минтақаҳои гуногуни кишвар ба Кобул фирор кардаанд. Ба гуфта ин манбаи огоҳ, маълум нест, ки оё афроди Толибон низ дар ин миён тавонистаанд ба Кобул роҳ ёбанд ё не.

Тайи чанд рузи охир нерӯҳои Толибон тавонистанд, теъдоде аз марказҳои вилоятҳо, аз ҷумла шаҳри муҳим ва стратегии Кундуз дар марз бо Тоҷикистонро тасарруф кунанд. Ҳамчунин ин нерӯҳо дар идомаи пешравиҳои худ бахшҳои бузурге аз шаҳри Фароҳ, маркази вилояти Фароҳ дар наздикии марз бо Эронро ишғол карданд.

Файзобод дар шимоли кишвар ҳаштумин маркази вилояте аст, ки танҳо дар шаш рӯзи гузашта ва дар пайи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз хоки Афғонистон, ба дасти Толибон афтод.

Суқути Файзобод дар ҳоле рух дод, ки президент Ашраф Ғанӣ рӯзи чаҳоршанбе ба шаҳри Мазори Шариф рафт ва бо фармондеҳони низомӣ вазъро баррасӣ кард. Ӯ аз кишварҳои минтақа хост, ки аз ҳукумати ӯ ҳимоят кунанд. Ҳамчунин аз ғайринизомиён хост, алайҳи Толибон ба по хезанд.

Ҳамзамон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон барои ширкат дар як нишасти серӯза бо ҳузури бо намояндагони Амрико, Русия, Чин ва Покистон, ба Қатар рафт. Ҳукумати Афғонистон ба натиҷаҳои ин нишаст умедвор аст, аммо Толибон гуфтаанд, ба назар намерасад дар ин нишаст пешрафти хосе ҳосил шавад.

Як мақоми баландпояи Иттиҳоди Аврупо рӯзи сешанбе эълом кард, ки Толибон дар ҳоли ҳозир ҳудуди 65 дарсади Афғонистонро дар ихтиёр доранд.

Ҷо Байден, президенти Амрико, ҳам рӯзи сешанбе гуфт, аз тасмими худ барои берун кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон пушаймон нест. Вай бо ишора ба ин ки дар ҷанги 20-солаи Афғонистон ҳазорон сарбози амрикоӣ кушта ва захмӣ шуданд, таъкид кард, акнун раҳбарони Афғонистон бояд гирди ҳам оянд, муттаҳид шаванд ва худ барои кишварашон биҷанганд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG