Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён вазири корҳои хориҷии Эрон шуд


Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон.
Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон.

Иброҳим Раисӣ, президенти нави Эрон рӯзи 11-уми август Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, як дипломати зидди Ғарбро ба унвони вазири корҳои хориҷии кишвараш муаррифӣ кард. Абдуллоҳиён ҷойгузини Муҳаммадҷавод Зариф шуд, ки ба муддати 8 сол вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати Ҳасани Руҳонӣ буд.

Муаррифии Абдуллоҳиён ба ин мақом дар ҳоле аст, ки Теҳрон ва Вашингтон талош доранд, созиши ҳастаии соли 2015 миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳониро барқарор кунанд. Доналд Трамп, президенти пешини Амрико дар соли 2018 он кишварро аз ин созиш берун кард ва таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эронро дигарбора ҷорӣ кард.

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар замони раёсати ҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажод муовини вазири корҳои хориҷӣ дар умури Африқо ва ҷаҳони араб буд. Гуфта мешавад, ки Абдуллоҳиён робитаҳои наздик бо нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дорад.

XS
SM
MD
LG