Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 588 кас дар шабонарӯз. Шумори қурбониёни COVID-19 дар Эрон рӯ ба афзоиш аст


Рӯзҳои охир шумори гирифторон ба навъи "Делта"-и бемории COVID-19 дар Эрон афзоиш ёфтааст. Рӯзи 9-уми август мақомоти Эрон эълон карданд, ки дар як шабонарӯз ба камиаш 588 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохта, 41 ҳазор кас мубтало шуданд.

Ин омор дар ҳоле эълон шуд, ки тибқи иттилои расонаҳои мустақил, шумори воқеии қурбониёни COVID-19 дар Эрон аз ду то се баробари омори расмӣ аст.

Муҳаммадризо Зафарқандӣ, раиси Созмони низоми тиббии Эрон, рӯзи 9-уми август ба бештар будани омори воқеии гирифторони COVID-19 таъкид кард ва гуфт, "дар ин бора касоне бояд посухгӯ бошанд, ки монеи вуруди ваксинаҳо шудаанд."

Ин омор ва ахбор аз ваъияти буҳронии Эрон дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳам мақомоти мазҳабӣ ва ҳам мақомоти расмии он кишвар ба баргузор кардани маросими вижаи моҳи Муҳаррам исрор доранд ва фақат ба риояи чораҳои беҳдоштӣ дар ин гуна маросим таъкид мекунанд.

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон чанд моҳ пеш эълон кард, ки вуруди ваксинаҳои амрикоӣ ва бритониёии зидди COVID-19 ба Эрон "мамнуъ" аст. Ӯ гуфта буд, бояд дар дохили Эрон ваксина тавлид ё сохта шавад, аммо бо гузашти чанд моҳ ҳанӯз аз ҳеч як навъи ваксинаи дохилӣ хабар нест.

Давоми моҳҳои гузашта ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ бинобар мушкилот дар пардохти кумакҳои молӣ ба шаҳрвандон, муваффақ нашуд, чун дигар кишварҳои дунё мардумашро ба рухсатиҳои дарозмуддат бифиристад.

Мақомоти Вазорати тандурустии Эрон дар ин муддат бепарвоии сокинон нисбат ба муқаррароти беҳдоштиро сабаби асосии гирифторӣ ба коронавируси нав дар ин кишвар гуфтанд. Ба қавли онҳо, мардум нақши ҳукуматро дар ташвиқ ва маҷбур кардани сокинон ба хонанишинӣ нодида гирифтанд.

Бар асоси омори расмӣ, то кунун дар Эрон 13 миллиону 2245 нафар доза ё вояи аввали ваксина ва фақат се миллиону 146 ҳазор нафар вояи дувуми ваксинаи зидди COVID-19-ро гирифтаанд.

Пеш аз ин баъзе аз эрониён барои гирифтани ваксинаи зидди COVID-19 ба Арманистон мерафтанд. Аммо сафари эрониён ба Арманистон ба ҳадде зиёд шуд, ки Ереван барои дарёфти ваксинаи ин мусофирон шарти иқомати даҳрӯза дар он кишварро пеш гузошт.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG