Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон истифодаи ваксинаи AstraZeneca-ро дубора шуруъ мекунад


Дар Қирғизистон сар аз 9 август истифодаи ваксинаи AstraZeneca зидди коронавирус дубора ба роҳ монда мешавад.

Аз вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон гуфтанд, баъди он ки як сокини вилояти Ҷалолобод дар пайи гирифтани ваксинаи AstraZeneca таъсири манфӣ бардошт, комисия таъсис шуда ва ин ҳодисаро омӯхт.

Вазорат хабар дод, ки "аз 90 нафари ваксинагирифта 4 тан таъсироти манфӣ бардоштаанд".

Комисия ба хулоса расидааст, ки таъсирҳои манфӣ дар пайи "вокунишҳои марбут ба тарсу ҳарос аз ваксина" сар задаанд ва ҷиддӣ нестанд.

Моҳи июл Озарбойҷон ҳамчун кӯмаки башарӣ ба Қирғизистон 40 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca ирсол кард. Рӯзи 22 июл ваксиназанӣ бо AstraZeneca дар Қирғизистон ба роҳ монда шуд.

XS
SM
MD
LG