Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон иддао карданд, ки Кундузу Сарипулро "ишғол карданд". Мақомот: Задухӯрд ҷараён дорад


Кундуз, Афғонистон
Кундуз, Афғонистон

Мансабдорони Афғонистон рӯзи 8-уми август тасдиқ карданд, ки Толибон вориди шаҳрҳои Кундуз ва Сарипул шудаанд ва даргирии шадиде дар ин шаҳрҳо ҷараён дорад.

Толибон пас аз тасарруфи шаҳрҳои Заранҷу Шибирғон шаби гузашта вориди шаҳрҳои Сарипул ва Кундуз дар шимоли Афғонистон шуданд, аммо ба иттилои ҳукумати Афғонистон, “бо муқовимати сахти нерӯҳои амниятӣ дучор гардиданд”.

Сухангӯи нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон дар паёме ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ навиштааст, "Толибон аз шаби гузашта ба ин сӯ ҳамлаҳояшонро ба шаҳрҳои Кундузу Сарипул оғоз кардаанд. Акнун даргирии шадиде дар ин шаҳрҳо идома дорад."

Аммо Толибон иддао кардаанд, ки ин шаҳрҳоро тасарруф кардаанд. Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ин гурӯҳ, дар Твиттер навиштааст, ҷангҷуёни онҳо Кундуз ва Сарипулро тасарруф кардаанд ва дар ҳоли пешравӣ ҳастанд.

Аммо Вазорати дифои Афғонистон ин хабарро тасдиқ накарда, дар хабарномае навиштааст, нерӯҳои давлатӣ чаҳорроҳаи Шаҳид Абдулрозиқ ва бинои радио ва телевизиони миллии Кундузро аз дасти Толибон пас гирифтанд ва амалиёт дар маҳаллаҳои дигари шаҳр идома дорад.

Аз сӯи дигар наворҳои пахшшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки шуморе аз дӯконҳо дар шаҳри Кундуз оташ гирифтаанд. Сокинон дар наворҳо иддао мекунанд, ки ин сӯхтор дар натиҷаи даргирии миёни нерӯҳои амниятӣ ва афроди Толибон рӯй дод ва ба мардуми маҳаллӣ зиёни молӣ расонд.

То ба ҳол омори дақиқе аз талафоти ҷангҳои Кундузу Сарипул дар даст нест, аммо Вазорати дифои Афғонистон гуфтааст, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳрҳои Заранҷу Шибирғон ҳудуди 200 ҷангҷӯйи Толибон кушта шудаанд. Ин ҳамлаҳо шоми 7-уми август ва дар посух ба хушунатҳои Толибон анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG