Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанг барои замин гузашт, вале майли интиқомҷӯйӣ мондааст"


Як сокини кӯҳансоли Қаробоғи Кӯҳӣ, ки мегӯяд, дар ҷанг манзилаш хароб шуд
Як сокини кӯҳансоли Қаробоғи Кӯҳӣ, ки мегӯяд, дар ҷанг манзилаш хароб шуд

Арманистон даступо мезанад, то ҷанги соли 2020 бо ҳамсояаш Озарбойҷон ва талотумҳои сиёсӣ ва ҷанҷолҳои интихоботи баъди онро паси сар кунад. Бо онки ин талотуму ҷанҷолҳо дар моҳҳои гузашта ба тадриҷ (оҳиста - оҳиста) фурӯ менишинанд, арманиҳо акнун бештар дар бораи рафъи захму оқибатҳои ҷанг ва аз ҷумла талафоти 4 ҳазор сарбози кишвар фикр мекунанд.

Гуҳар Антониён, сокини Арманистон, дар ҷанг барои Қаробоғи Кӯҳӣ писараш Кароро аз даст дод. Сарбози 20-солаи артиши Арманистон дар зарбаи дрони Озарбойҷон кушта шуд. Марги ӯ ин оиларо мотамзада кард, мисли ҳазорон оилаи дигар дар Арманистон.

“Пас аз ин ҷанг ман аз зиндагӣ ҳеч чиз намехоҳам. Рӯзи оилаи мо ба навъе мегузарад. Худоро шукр мегӯям, ки зиндаем”, - мегӯяд Гуҳар Антониён.

“Каро”, ки номаш Карапет Антониён буд, яке аз ҳазорон сарбози арманӣ аст, ки дар ҷанг бо Озарбойҷони ҳамсоя кушта шуд. Ҷанге, ки оромгоҳ дар канори Ереванро аз гӯрҳои сарбозони навхат пур кард. Мусибати миллие, ки бисёриҳоро дилхун кард.

Гуҳар Антониён гуфт, “мо ӯро намебинем, вале медонем, ки ҳамеша бо мост. Дар инҷо дар канори мо нишастааст.”

Захмҳои аён низ ҳастанд. Дар як маркази офиятбахшӣ барои маҷруҳони ҷанг тақрибан 2000 бемор муолиҷа мегирифтанд. Бо гузашти 9 моҳ аз ҷанг, 300 нафар ҳанӯз мондаанд ва аксарият ҳам 30-сола нашудаанд.

“Аксарияти маҷруҳон бар асари таркиши гӯлула захм бардоштаанд. Гӯлула осеби зиёде мерасонад, дасту пойро мебурад”, -- нақл кард Лусине Погосиён, сартабиби Маркази офиятбахшӣ.

Осори захми ҷанг дар ҷомеаи Арманистон ҳувайдост. Нозирони мустақил нигаронанд, ки бо вуҷуди оташбасу қатъи ҷанг, майли интиқомҷӯӣ дар ҷомеа боқӣ мондааст.

Андрей Кортунов таҳлилгари Шӯрои Умури Байналмилалии Русия гуфт, “дар Арманистон тамоюл ба интиқомҷӯӣ бисёр қавист. Бахши бузурги ҳалқаҳои сиёсӣ ҳануз умед дорад, ки ягон рӯз барои шикасти соли гузашта интиқом мегиранд.”

Аммо ҳеч интиқоме писари Гуҳар Антониёнро барнамегардонад. “Писари ман аз ҷанг барнагашт, вале ман касеро гунаҳкор намекунам. Ин ҷанг аст ва касе намедонад, кӣ бармегардад, кӣ не”, -- мегӯяд ӯ.

Бисёр чиз пас аз ҷанги соли гузаштаи Арманистону Озарбойҷон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ аз ёд рафт, ба ғайр аз дарди талафоту шикаст, ки мондааст.

XS
SM
MD
LG