Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишер воқеаҳои як соли охирро дар Беларус "муҳим" донист


Ҷули Фишер
Ҷули Фишер

Ҷули Фишер, сафири Амрико дар Беларус, он чиро, ки дар як соли охир дар ин кишвари пасошӯравӣ гузашт, "воқеаи бисёр муҳим" номид.

Вай гуфт, дар ин муддат дар Беларус ҳаракати демократӣ ба вуҷуд омад, ки бо хоҳиши мардум ва "барои муайян кардани сарнавишти онҳо" асос ёфтааст.

Як сол пеш дар пайи интихоботи президентӣ, ки ҳукумати Беларус раҳбари худкома Алексанлдр Лукашенкоро баранда донист, ҳазорҳо нафар ба зидди тақаллуб дар интихобот роҳпаймоӣ карданд.

Сафир Ҷули Фишер 7-уми август дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши беларусии Радиои Озодӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида хоҳони "музокироти ҳамаҷониба" дар дохили Беларус аст, ки "пас аз озодии беқайду шарти зиндониёни сиёсӣ" ба баргузории "интихоботи нав" зери ҳимояти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо мерасонад.

"Маҳз ҳамин роҳ моро ба интихоби як раҳбари қонунии нави Беларус мебарад. Мо воқеан инро бесаброна интизорем", -- афзуд Фишер.

Вазъи Беларус пас аз интихоботи рӯзи 9-уми августи соли 2020 печида шуд.

Мақомот Лукашенкоро пирӯз эълон карданд, вале мухолифон ва ҳазорон шаҳрванди ин кишвар бо пуштибонӣ аз Светлана Тихановская, рақиби Лукашенко дар интихобот, эътироз карданд.

Давоми як соли гузашта мақомоти Беларус бераҳмона эътирози сокинонро саркӯб карда, баъзе аз намояндагони мухолифинро ба тарки ватан маҷбур карданд ва иддаеро дастгиру муҳокима мекунанд.

XS
SM
MD
LG