Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори панҷ боздоштшуда дар Русия


Як боздоштгоҳ дар Русия
Як боздоштгоҳ дар Русия

Аз як боздоштгоҳи Русия панҷ боздоштшуда фирор кардаанд. Интерфакс бо такя ба Олга Врадий, намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия навишт, ки фирориҳо дар боздоштгоҳи шаҳри Истраи Подмосковйе нигаҳдорӣ мешуданд. Врадий гуфт, ки нисбати кормандони боздоштгоҳ аз рӯи моддаи “баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ” парванда боз шудааст. Таҳқиқи макони фирори боздоштшудаҳо идома дорад.

Тафтишот гуфт, ки боздоштшудаҳо шаби 6 август бо истифода аз як навъи амбӯр қуфлҳоро шикаста, аз боздоштгоҳи марбут ба вазорати дохилӣ дар шаҳри Истра фирор карданд.

Яке аз фироркардаҳо Александр Мавриди аст, ки дар куштори як соҳибкор ва аз озодӣ маҳрум кардани як вакили дифоъ айбдор мешавад. Чор нафари дигар барои дуздӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Мавриди дар куштори раиси ширкати "Мясная империя" Владимир Маругов дар соли гузашта айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG