Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз қоидаҳои нави санҷиши муҳоҷирони корӣ хабар дод


Як намунаи санади сабткунии изи ангуштон. Акс аз бойгонӣ
Як намунаи санади сабткунии изи ангуштон. Акс аз бойгонӣ

Аз 29-уми декабри соли ҷорӣ қоидаҳои нав барои муҳоҷирон ба ҳукми иҷро медароянд. Шурӯъ аз ин сана ба таври ҳатмӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ изи ангуштонашон гирифта мешавад. Ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия ин навгонӣ ҳамчунин ба шаҳрвандони хориҷие, ки барои 90 рӯз ба Русия меоянд, дахл хоҳад дошт. Ҳамчунин кормандони ҳифзи ҳуқуқ риояи ҳатмии талаботи гузашатан аз имтиҳони донистани забони русӣ ва таъриху қонунгузории Русияро тафтиш хоҳанд кард. Барои муҳоҷирон ҳуҷҷати ягонаи электронӣ рӯи кор хоҳад омад, ки тамоми маълумотро дар бораи соҳибаш дар бар мегирад.

Мақомоти Русия, ки сол то сол қоидаҳои будубоши хориҷиҳо, бахусус коргарони хориҷӣ дар кишварро сахттар мекунанд, инро зарурати пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва аз иқтисоди соягӣ берун овардани меҳнати ин қишри аҳолӣ арзёбӣ мекунанд. Вале дар бисёр ҳолатҳо, ҷараёни қонуникунии муҳоҷирон ва бархӯрд бо онҳо бо нақзи қонун ва фасод сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG