Эзадиҳо дар Ироқ ва саросари ҷаҳон ёди онҳоеро гиромӣ медоранд, ки 7 сол пеш дар ҷараёни қатлҳои дастаҷамъонаи ҷангҷӯёни гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" кушта шуданд. ДОИШ-иён соли 2014 ҳазорон нафар аз ин аққалияти мазҳабиро куштанду духтаронашонро ғуломи ҷинсӣ карданд. Онҳое, ки аз дасти ҷангҷӯён раҳо ёфтаанд, мегӯянд, мехоҳанд ҷомеаи байналмилалӣ ҷазои онҳоеро бидиҳад, ки чунин бераҳмиро нисбат ба эзадиён раво дидаанд.
-
Радиои Озодӣ
Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.