Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду мураббии беларусӣ бо талаби Кумитаи олимпӣ Токиоро тарк карданд


Кристина Тимановская
Кристина Тимановская

Кумитаи байналмилалии Олимпӣ аккредитатсия ё сабтиноми ду мураббии беларусиро дар заминаи эҳтимоли ба тарки бозиҳои Токио водор кардани варзишгар Кристина Тимановская бекор кард. Дар изҳороти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ, ки рӯзи 6-уми август нашр шуд, омадааст, ки ин тасмим «ба хотири манфиати варзишгароне, ки ҳоло ҳам дар Токио ҳастанд...” гирифта шудааст. Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфт, аз ду мураббӣ, ки яке Артур Шумак ва дигаре Юрий Маисевич мебошанд, тақозо шудааст, ки деҳаи олимпиро билофосила тарк кунанд ва “онҳо аллакай ин корро карданд”.

Илова ба ин, Кумитаи байналмилалии олимпӣ як комиссиюне таъсис дода, нақши Шумак ва Маисевичро дар қазияи Тимановская мавриди таҳқиқ қарор додааст. Дар изҳорот омадааст, ки “садои онҳо ҳам шунида хоҳад шуд”.

Тимановская, ки ҳоло дар шаҳри Варшава аст, гуфт, баъди интиқодаш аз қарорҳои мақомоти варзишӣ талаби муррабиҳоро барои тарки Токио карда пеш аз мӯҳлат баргаштан ба Минскро рад карду аз полиси Ҷопон кӯмак хост. Варзишгари 24-сола таҳти ҳимояти дипломатӣ ва бо умеди дарёфти ҳақи паноҳандагӣ дар Полша қарор дорад. Дар як нишасти хабарӣ рӯзи 5-уми август Тимановская гуфт, ки аз Полша миннатдор аст ва умедвор аст, ки рӯзе метавонад ба Беларуси "амну озод" баргардад.

XS
SM
MD
LG