Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли Нозанини 21-сола. Толибон гуфтанд, кори онҳо набуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пулиси вилояти Балхи Афғонистон мегӯяд, Толибон як хонуми ҷавонро барои он ба қатл расонданд, ки дар тан либоси танг дошт ва бидуни маҳрам (марде аз наздиконаш) аз хона берун шуда буд.

Рӯзи 3-юми август раиси пулиси вилояти шимолии Балх Зиёулҳақ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар деҳае рӯй дод, ки зери назорати Толибон аст.

Сухангӯи пулиси Балх рӯзи 4-уми август иброз дошт, ки номи ин хонуми 21-сола Нозанин буд ва ӯ мехост савори мошин шуда, ба шаҳри Мазори Шариф биравад.

Ба гуфтаи ӯ, зан дар сар бурқа кашида буд. Сӯхангӯйи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид айбномаро рад кард ва афзуд, ҳамла мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG