Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Хоманаӣ аз Раисӣ. Президенти нави Эрон ба кор оғоз кард


Иброҳим Раисӣ, президенти мунтахаби Эрон рӯзи 3-юми август тайи маросиме ваъда дод, ки бо таҳримҳои "золимона"-и ИМА мубориза мебарад. Дар ин маросим, ки ба таври зинда тавассути телевизион намоиш дода шуд, Раисии 60-сола нахуст дар назди раҳбари Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ савганд ёд кард.

Дар як қарори Хоманаӣ, ки онро раиси ситодаш қироат намуд, омадааст, "ба дунболи интихоби мардум, ҳуҷҷатулислом Иброҳим Раисии хирадманд, хастагинопазир, ботаҷриба ва маҳбубро ба унвони раиси ҷумҳурии исломии Эрон таъин мекунам".

Ғарб собиқ раиси Додгоҳи олии Эрон Иброҳим Раисиро барои даст доштанаш дар нақзи ҳуқуқи инсон интиқод мекунад. Раисӣ дар ин мақом ҳукми қатли бисёре аз зиндониҳои сиёсиро имзо кардааст. Қарор аст рӯзи 5-уми август мақоми Раисиро парлумони Эрон ҳам тасдиқ кунад ва баъди ин президенти навинтихобшуда аъзои ҳукумати худро муаррифӣ мекунад.

Яке аз масоиле, ки мавриди таваҷҷӯҳи президенти нави Эрон мешавад, гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ хоҳад буд. ИМА соли 2018 ба таври якҷониба аз ин созишнома берун рафт. Раисӣ баъди пирӯзиаш дар интихобот гуфт, ки ҷонибдори азсаргирии гуфтугӯҳо барои барқарор кардани созиши ҳастаӣ мебошад. Шарти муҳими ин созиш, бекор шудани таҳримҳои Эрон бар ивази маҳдуд ва таҳти назорат дароварда шудани фаъолиятҳои ҳастаии ин кишвар мебошад. Аксари ин таҳримҳо баъди аз созиш хориҷ шудани ИМА дубора барқарор шуданд ва ояндаи иқтисоди Эронро таҳти хатар гузоштанд. Ҳалли масоили иқтисодии кишвар яке аз чолишҳои калидии президенти нав мебошад.

Яке аз бӯҳронҳое, ки ҳамин ҳоло рӯбарӯи Эрон ва Раисӣ қарор дорад, марбут ба ҳамла ба киштии нафткаше аст, ки аз ҷониби Исроил идора мешуд. ИМА, Исроил ва Бритониё ҳамлаи ҳафтаи гузашта ба ин киштиро маҳкум карданд. Ин кишварҳо ангушти иттиҳомро ба сӯи Теҳрон баланд карданд, аммо Эрон дар навбати худ ин иттиҳомро беасос хонд.

Раисӣ дар суханронии худ дар маросими савгандёдкунӣ гуфт, ҳукумати ӯ барои бекор шудани таҳримҳои "золимона"-и ИМА иқдом хоҳад кард. Раисӣ дар пайи эълони пирӯзиаш дар интихобот гуфт, ки азсаргирии гуфтугӯҳо ба хотири эҳёи созиши ҳастаӣ бо қудратҳоро пуштибонӣ мекунад. Созиши пешин тамоми таҳримҳоро бекор карда, барномаи ҳастаии Эронро таҳти назорати байналмилалӣ қарор медод.

Мавқеи Раисӣ ҳамакнун бо кӯмаки порлумони Эрон, ки дар интихоботи соли 2020 аксар аъзояш намояндагони муҳофизакорон шудаанд, мустаҳкамтар мешавад. Дар интихоботи соли гузашта ҳазорҳо номзади ислоҳталаб аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум шуданд. Худи Раисӣ рӯзи 27-уми июл ба хотири умед ба ояндаи Эрон, порлумонро ба "ҳамкорӣ" даъват кард. Ӯ гуфт, "ман ба ояндаи кишвар боумед менигарам ва бовар дорам, ки ҳалли мушкилот ва маҳдудиятҳо имконпазир аст”.

XS
SM
MD
LG