Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамватанон дар муқобили ҳам. Кимиё ва Ноҳидро кӣ "ҷанг" андохт?


Кимиё Ализода
Кимиё Ализода

Рақобати ғайримуқаррарии ду варзишгари эронӣ, ки дар Олимпиадаи Токио яке бар зидди дигарӣ мубориза бурд, ин баҳсро дар миёни мардуми Ҷумҳурии Исломӣ барангехт, ки "ин рақобат ҳеч пирӯзе надорад".

Ин як лаҳзаи талху ширин барои бисёре аз эрониён буд. Кимиё Ализода, варзишгари таэквандо аз Эрон дар Олимпиадаи тобистона дар Токио рақиб ва ҳамватанашро шикаст дод. Ализода, ки соли 2020 баъд аз танқиди рӯҳониёни ҳоким дар Эрон барои поймол кардани ҳуқуқи занон ба Аврупо ҳиҷрат кард, намояндаи Тими паноҳҷӯён буд ва ҳамдастаи собиқаш Ноҳид Киёниро, ки аз Эрон намояндагӣ мекард, мағлуб сохт.

Занон дар Эрон бояд ҳиҷоби исломӣ бипӯшанд ва бар асоси қонун ҳангоми гусастани ақди никоҳ, гирифтани мерос ва фарзанд дар муқоиса бо мардон ҳуқуқи бисёр кам доранд. Занони варзишгар дар Эрон дар мусобиқоти берун аз кишвар низ бояд ҳиҷоби исломиро риоят кунанд. Амре, ки пас аз инқилоби исломии соли 1979 ва таъсиси Ҷумҳурии Исломӣ ҳатмӣ шуд. Кимиё Ализода пас аз шикаст додани Ноҳид Киёнӣ дар рӯзи 25-уми июл ӯро оғӯш кард. Ӯ, ки баръакси Кимиё, ҳиҷоб надошт, ба назди мураббии тими миллии Эрон рафт ва ӯро ҳам ба оғӯш гирифт.

Кимиё Ализода соли 2020 вақте Эронро тарк мекард, дар саҳифааш дар Инстаграм навишта буд: "Онҳо ҳар чизе, ки ба ман мефармуданд, мепӯшидам. Ҳар калимаеро, ки амр медоданд, такрор мекардам. Дар ҳар фурсати мусоид барояшон маро истисмор мекарданд.” Ӯ навишт, “ман яке аз миллионҳо нафар аз занони мазлуми Эрон ҳастам, ки онҳо солҳо боз бо сарнавишташон бозӣ кардаанд.”

Аксарият дар Эрон мақомотро ба он муттаҳам кардаанд, ки бо зидди ҳам гузоштани ду духтари 23-сола дар байни эрониён ҷудоӣ барангехтаанд. Теъдоди дигаре аз корбарон дар Интернет гуфтаанд, ин рақобати ғайриоддӣ байни ду ҳамватан барои кишвар як шикаст буд.

Муҳаммад Расул, коргардони шинохтаи эронӣ, дар Твиттер навишт: “Ин бозӣ баранда надорад.” Меҳдӣ Маҳмудиён, хабарнигор ва фаъоли сиёсӣ, дар Твиттер навишт, рӯ ба рӯ қарор гирифтани ду ҳамватан, “натиҷаи амалкарди раҳбароне аст, ки ҷавонони кишварашонро ба муъмину ғайримуъмин, инқилобӣ ва ғайриинқилобӣ тақсим мекунанд.” Ӯ навиштааст: “Бо Шумо ва бе Шумо хеле зуд ҳатман Эрон барои ҳамаи эрониён хоҳад буд.”

Расонаҳои муҳофизакори Эрон Кимиё Ализодаро ба “хиёнат” муттаҳам карданд, шореҳи телевизиони давлатӣ ҳангоми шарҳи бозӣ номи Ализодаро ҳам набурд ва хашми мардумро барангехт. Телевизиони давлатӣ ҳамчунин видеои Ализодаро ҳангоми ба оғӯш гирифтани Киёнӣ нишон надод ва аксариятро водор кард, ин лаҳзаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн кунанд.

Бисёре аз корбарон гуфтаанд, ки Ализода “мояи ифтихор” ва шарафи кишварашон мемонад ва ба он ишора кардаанд, ки Ализода номашро дар либоси варзиаш бо ранги парчами Эрон навиштааст.

Кимиё Ализода рӯзи 27-уми июл дар саҳифааш дар Инстаграм худро “фарзанди Эрон” номид ва ба тарафдоронаш сипос гуфт, аз ҷумла ба варзишгарон, ҳунарпешагон, собиқадорону муррабиёне, ки ба гуфтаи ӯ, “маро як ҳамватани худ” медонанд. Ӯ ҳамчунин телевизиони давлатиро барои инъикоси “ғайриахлоқии” бозӣ танқид кард.

Ализода бо ишора ба шореҳи телевизион, ки номашро набурд навиштааст, “ҳамон мардоне, ки солҳост, баландгӯйи оддисозии табъизи ҷинсӣ шудаанд, таҳқири занони худро дар хона кофӣ намедонанд ва дар расонаҳои ба истилоҳ “миллӣ” ба занситезиашон идома медиҳанд.”

Ӯ рақибаш ва “дӯсти азизаш” Ноҳид Киёниро сутуда, гуфтааст, ки ӯ зери фишори сахте қарор дорад: “Ман бовар дорам, ки ӯ ба комёбии бузурге ноил мешавад.”

Киёнӣ дар навбати худ навиштааст, ҳеч гоҳ интизор надошт, ки бо ҳамватан ва дӯсташ дар Бозиҳои олимпӣ рақобат мекунад. Ӯ 27-уми июл дар Инстаграм чунин шарҳе гузоштааст: "Ман намедонистам, ки рӯзе дар овардгоҳи зиндагиам дар нуқтаҳое, ки солҳо барои расидан ба он талош карда будам, қарор аст, муқобили ҳамватан биистам, муқобили дӯстам, ки бахше аз хотироти даврони варзиши ман аст."

Ализода танҳо варзишгари эронӣ нест, ки дар Ҷопон ватанашро намояндагӣ мекунад. Саид Муллоӣ, яке аз ҷудокорон (дзюдоист)-и эронӣ, ки аз ватанаш фирор кард, дар Олимпиада барои Муғулистон нишони нуқра овард. Муллоӣ ду сол пеш Эронро тарк кард ва баъди онки ба ӯ амр доданд, як набардашро ба рақибаш бозад, то дар бозии ниҳоӣ бо варзишгари исроилӣ рӯ ба рӯ нашавад.

Эрон Исроилро ҳамчун кишвар ба расмият намешиносад ва бино ба гузоришҳо дар мусобиқот ба варзишгарони эронӣ фармон медодаанд, ки барои рӯ ба рӯ наомадан бо рақибони исроилӣ бозиро ба рақибашон бибозанд.

XS
SM
MD
LG