Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон посбони урдугоҳи фашистиро муҳокима мекунанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Олмон посбони собиқи як урдугоҳи зери итоати фашистонро муҳокима мекунанд. Ӯ садсола аст ва ба ҳамкорӣ ё иштирок дар бештар аз 3500 мавриди қатл муттаҳам аст.

Бино бар қонунҳои Олмон дар бораи расонаҳо ва дахлнопазирии шахс, номи мард зикр намешавад, аммо гумон меравад аз соли 1942 то 1945 посбони урудгоҳи Заксенҳаузен дар наздикии Берлин будааст.

Заксенҳаузен урдугоҳи меҳнатӣ ба шумор мерафт, вале дар онҷо шиканҷаву маргҳои ваҳшатборро сабт кардаанд. Асосан зиндониёни сиёсиро нигоҳ медоштанд.

Посбони собиқ пас аз 76 соли поёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон муҳокима мешавад. Нашрияи олмонии "Welt am Sonntag" рӯзи 1-уми август навишт, додгоҳи Нойруппин пешниҳод кардааст, ин марди садсола бояд давоми ду соат дар мурофиаи додгоҳӣ тоб биоварад. Пештар мақомот гуфтаанд, ӯ тавони посух гуфтан дар додгоҳро дорад. Интизор меравад, мурофиа моҳи октябри имсол оғоз шавад.

Мақомоти ноҳияи Нойруппин ин парвандаро соли 2019 аз додситонии вижаи федеролии Людвигсбург, ки ҷиноятҳои ҷангии даврони фашистиро таҳқиқ мекунад, гирифта буданд.

Олмон барои муҳокимаи кормандони собиқи урдугоҳҳои фашистон таҷриба дорад. Ин кишвар соли 2011 Ҷон Деманйукро ба далели нақшаш дар урдугоҳи марги Собибор дар Лаҳистон (Полша) маҳкум кард. Вай аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истирдод шуда буд.

XS
SM
MD
LG