Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи занон гуфт, касе аз дузанаҳо шикоят накардааст. ВИДЕО


Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон

Масъулони Кумитаи кор бо занон гуфтанд, ҳарчанд дузанагӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, аммо шикояте аз ин амали ғайриқонунӣ ба онҳо нарасидааст.

Дузанагӣ дар кишвар ғайриқонунист ва ҷазо ҳам дорад, вале солҳои ахир масъалаи иҷозати доштани ду ҳамсар барои мардон дар матбуот низ баҳс мешавад. Бархе ҳамсарони дуюм шикоят мекунанд, ки шавҳаронашон онҳоро тарк кардаанд ва фарзандонашонро қонунӣ эътироф намекунанд.

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон гуфт, “ҳарчанд мо медонем, ки дузанагӣ дар ҷомеаи мо вуҷуд дорад, вале мутассифона дар шашмоҳаи аввал ягон маротиба аз болои дузанагӣ шахсияте ба мо муроҷиат накардааст.”

Дар Тоҷикистон барои полигамия ё бисёрзанӣ аз ҷаримаҳои бузург аз ду то панҷ соли зиндон муқаррар шудааст, вале бо ин гуноҳ кам касоне паси панҷара мераванд. Паёмадҳои дузанагӣ дар Тоҷикистон зиёд дида мешавад, аз ҷумла дар кӯча мондани ҳамсарони дуввум ва ятимон.

Шабнам, яке аз чунин ҳамсарон аст, ки шавҳараш ӯро тарк кардааст. “На ҷойи мондан дорам ва на ҷойи рафтан. Модарам бемор аст. Моро бо се фарзанд партофтааст.”,--гуфт ӯ.

Наворро ин ҷо тамошо кунед:

Ҳамсарони дуюм ҳамоно аз беҳуқуқӣ шикоят доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Мисли Шабнам дар Тоҷикистон ҳазорон нафар аст, вале ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи занон, мақомот мушкилоти бисёрзаниро нодида мегиранд. Айни замон мушкилоти иҷтимоӣ ва аз ҳам пошидани хонаводаҳо ин мушкилро зиёдтар кардааст.

Дар нишасти Кумитаи кор бо занон гуфтанд, ки дар ним соле, ки гузашт, тақрибан шашуним ҳазор мавриди ҷудо шудани ҷуфтҳоро сабт кардаанд, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 990 ҳолат зиёд аст.

Азбаски занони дуввум бо шавҳаронашон никоҳи расмӣ надоранд, баъд аз ҷудоӣ ба мусибати зиёде рӯ ба ру мешаванд. Шабнам, ки ӯро ҳамсараш тарк кардааст, мегӯяд, чор моҳ боз аз дастраси ба ғизо мушкилӣ мекашад. Ӯ никоҳи расмӣ надорад, то ба моликияти шавҳар ҳақ пайдо кунад.

Азбаски дар Тоҷикистон бисёрзанӣ ғайриқонунист, ҳеҷ оморе дар ин маврид вуҷуд надорад, ҳарчанд дар ҳар сари қадам мешунавед, ки аз вазире то як марди одӣ ду зан дорад.

XS
SM
MD
LG