Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик аз Олимпиадаи Токио бе медал бармегарданд


Варзишгарони тоҷик дар Токио. Акс аз сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ
Варзишгарони тоҷик дар Токио. Акс аз сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ

Варзишгарони тоҷик, ки сабқати худро дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токиои Ҷопон ба анҷом расониданд, натавонистанд медал ба даст биёранд.

Намояндаи охирини Тоҷикистон – Илдар Аҳмадиев – имрӯз, 31-уми июл, дар давиш ба масофаи 100 метр миёни мардон рақобат кард. Барои ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан 26 нафар дар се гурӯҳ мубориза бурданд. Илдар дар гурӯҳи сеюм бо натиҷаи 10.66 сония мақоми чорумо касб кард ва дар байни ҳамаи иштироккунандагон ҷойи 12-умро соҳиб шуд. Ҳамагӣ 10 нафар, ки натиҷаи беҳтар доштанд, ба нимфинал роҳ пайдо карданд. Дар даври интихобӣ Баракат- ал-Ҳартӣ аз Умон бо натиҷаи 10.27 сония ғолиб шуд.

Ёдовар мешавем, имрӯз, 31-уми июл, инчунин Баҳодур Усмонов дар Олимпиадаи Токио дар сабқати бокс дар вазни то 63 кило дар 1/8 финал аз Элнур Абдураимов, варзишгари узбекистонӣ, бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

Ҳамин тариқ, ҳамаи даҳ варзишгари тоҷик сабқати худро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио ба анҷом расониданд. Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров ва Баҳодур Усмонов (ҳарсе оид ба бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов (ҳарчор оид ба ҷудо), Олимҷон Ишонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) аз Токио ба Душанбе бе медал бармегарданд.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то 8-уми август идома хоҳад кард. Олимпиада мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо ба иллати пандемияи коронавирус барои як сол мавқуф гузошта шуд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд. Умуман, мунтахаби кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ соли 2008 дар Пекин барои аввалин бор соҳиби ду медал - як нишони нуқра ва як биринҷӣ гардид. Медали нуқраро Юсуф Абдусаломов аз рӯи гуштии озод дар вазни то 84 кило соҳиб шуд. Медали биринҷиро Расул Боқиев дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кг ба даст овард.

Соли 2012 дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон Мавзуна Чориева дар риштаи бокси занона дар вазни то 60 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, Тоҷикистонро ҳафт варзишгар муаррифӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Дилшод Назаров медал гирифт. Ӯ дар мусобиқоти ниҳоӣ гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон, ки бори ҳафтум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок кард, ин дафъа бе медал монд.

XS
SM
MD
LG