Аз даҳ нафар намояндаи Тоҷикистон, ки барои ширкат ба Олимпиадаи Токио рафта буданд, нӯҳ нафар шикаст хӯрд.
Баҳодур Усмонов, варзишгари тоҷик, нафари нӯҳум буд, ки дар Олимпиадаи Токио дар сабқати бокс дар вазни то 63 кило баъди як пирӯзӣ ба 1/8 финал роҳ ёфта буд, субҳи имрӯз, 31-уми июл, аз Элнур Абдураимов, варзишгари узбекистонӣ, бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт. Абдураимов, ки ба чорякфинал роҳ пайдо кард, бо Ҳованнес Бачков аз Арманистон рақобат хоҳад кард.
Элнур Абдураимови 27-сола барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар Доҳаи Қатар мебошад. Ӯ соли 2017 дар қаҳрамонии Осиё дар Тошканд бо медали тилло сарфароз шудааст. Баҳодур Усмонови 23-сола бошад, соли 2019 дар Бангкоки Тайланд ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст. Ҳарду имсол дар қаҳрамонии Осиё дар Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб соҳиби медали биринҷӣ гардидаанд.
Элнур Абдураимов дар як суҳбат бо оҷонсии sports.uz гуфтааст, “сабаби ба бокс машғул шудани ман падарам мебошад. Дар замони худ ӯ муштзани дараҷаи олӣ буд. Яъне ин дар хуни ман аст. Чӣ қадаре ки дар ёд дорам, ман ҳамеша ба бокс машғулам. Антиқтараш, ман аз панҷ ё шашсолагӣ бо дастпӯши муштзанӣ будам ва ҳамин тур ба воя расидаам. Ба ғайр аз бокс, ман ба дигар намудҳои варзиш таваҷҷуҳ доштам. Бо футбол ва карате низ машғул мешудам. Аммо завқи ман ба бокс бештар буд.”
Ҳамин тариқ, аз даҳ варзишгари тоҷик нӯҳ нафар сабқати худро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио ба анҷом расониданд. Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров ва Баҳодур Усмонов (ҳарсе оид ба бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов (ҳарчор оид ба ҷудо), Олимҷон Ишонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ) бе медал монданд.
Намояндаи охирини Тоҷикистон – Илдар Аҳмадиев – имрӯз, 31-уми июл, дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон дар даври интихобӣ рақобат мекунад.
Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то 8-уми август идома хоҳад кард. Олимпиада мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо ба иллати пандемияи коронавирус барои як сол мавқуф гузошта шуд.