Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурайё Қосимова 15000 сомонӣ ҷаримаро дод, "вале эҳтимол дар маъракаҳо ширкат накунад". ВИДЕО


Сурайё Қосимова

Сурайё Қосимова, овозхони шинохтаи тоҷик, 15 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан якуним ҳазор доллар, ҷаримаеро, ки Оҷонси зиддифасод муайян карда буд, пардохтааст. Масъулони Раёсати фарҳанги Кӯлоб гуфтанд, пас аз ин воқеа овозхони маъруф, мумкин аст, дигар дар маъракаҳои расмии минтақа ширкат накунад.

Оҷонси мубориза бо фасод пас аз тафтиши фаъолияти молиявии бахши фарҳанги Кӯлоб, Сурайё Қосимоваро ҷарима баст, ки дар Кӯлоб зиндагӣ намекунад, вале ҳамчун корманди дастаи ҳунарии “Фалак”-и ин шаҳр маош мегирад.

Ҷамшед Гулаҳмадзода, сардори Оҷонси мубориза бо фасод дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, “вазъиятро дар ҷояш муайян карданд ва ӯ ҳам пулро барқарор намуд.”

Аммо ҳамкорони Сурайё Қосимова мегӯянд, ӯ ҳарчанд дар Кӯлоб зиндагӣ намекунад, дар ҳамаи чорабиниҳои расмӣ ширкат меварзад. Дар Раёсати фарҳанги минтақа гуфтанд, пас аз ин ҳодиса Сурайё Қосимоваро, ба истилоҳ, “аз даст доданд”, дигар ширкати ӯ дар чорабинҳои Кӯлоб номумкин хоҳад буд.

“Вазифааш устоди саҳна буд ва аз рӯйи ҳамон маош мегирифт. Дар асл овозхонӣ мекард ва дар ҳамаи маъракаҳо ширкат меварзид”, -- гуфт Сарахон Бозорзода, масъули Раёсати фарҳанги минтақа.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Овозхони шинохтаи тоҷик 15 ҳазор сомонӣ ҷаримаро пардохтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Сурайё Қосимова, ҳунарманди 64-сола то се сол пеш раҳбари дастаи “Фалак”-и назди Шуъбаи фарҳанги минтақаи Кӯлоб буд. Баъд аз бемор шудан бо аризаи худ аз роҳбарии даста канор рафт, вале ҳамчун корманд ва мураббӣ сабт шуда, 1000 сомонӣ маош мегирифтааст.

То ба ҳол назари ӯ ба қазия маълум нест. Пештар Садбарг Қосимова, хоҳари ҳунарманд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “ҷарима карданаш шояд гапи калон набошад, вале ба иззати ҳунарманд расидан аст. Бисёр вақт барои ширкат дар чорабиниҳо ҳунармандонро пули зиёд дода меоранд, вале Сурайё ройгон дар чорабиниҳои расмӣ суруд мехонд.”

Нашри хабари ҷарима шудани Сурайё Қосимова дар байни хонандагони сомонаи Радиои Озодӣ ҳам баҳси зиёдеро ба по кард. Иддае чунин бархӯрди мақомотро нодуруст, вале гуруҳе дигар қонунӣ ва айни муддао донистаанд.

Яке аз корбарон навишт, “ба апаи Сурайё нарасед, аз ҳама зиёд хидмат кардааст. Бе Сурайё Қосимова фарҳанги шаҳр ҳеч аст, маоши ночизро баҳона накунед. Бовар дорам, ӯ даҳ баробар бештар аз ин маош ба шуъбаи фарҳанг кору хидмат кардааст.”

Корбари дигар баръакси ин мегӯяд, “ба ҳар ҳол ягон асоси қонунӣ будааст. Ҳеч вақт беасос ҷарима намекунанд. Ҳарчанд ин ҳунарманд соҳиби обрӯ аст, вале қонун чунин муқаррарот надорад, ки шахсони маъруф дахлнопазиранд. Бо камоли эҳтиром аз ҳамаи ситораҳо хоҳиш мекунем, ҳамчун намунаи ибрат қонунро бо ҷузъитарин талаботаш риоя мекардед, то обрӯятон коста намегардид."

Сурайё Қосимова овозхони мардумии Тоҷикистон буда, ду духтараш – Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед – ҳам хонандаи маъруфанд.

Дар гузашта баъзе аз овозхонҳоро дар Тоҷикистон барои насупурдани андоз ё молиёт ва риоя накардани қонуни танзим гунҳкор кардаву ҷарима бастаанд.

XS
SM
MD
LG