Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсии мубориза бо фасод Сурайё Қосимоваро ҷарима кардааст


Сурайё Қосимова, сарояндаи шинохтаи тоҷик
Сурайё Қосимова, сарояндаи шинохтаи тоҷик

Оҷонсии мубориза бо фасод ва Палатаи ҳисоби Тоҷикистон пас аз тафтиши фаъолияти молиявии Шӯъбаи фарҳанги Кӯлоб, Сурайё Қосимова, ҳунарманди шинохтаи кишварро 15 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Рӯзи 19-уми июн нашрияи “Пайк” хабар дод, ки далели ҷарима шудани Сурайё Қосимова ин аст, ки гуиё дар Кӯлоб зиндагӣ намекунад, вале ҳамчун корманди дастаи ҳунарии “Фалак”-и ин шаҳр маош мегирад.

Садбарг Қосимова, хоҳари ҳунарманд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Сурайё ҳарчанд дар Кӯлоб набуд, вале пайваста корашро сари вақт иҷро мекард. Ӯ гуфт, вазифаи дастаи ҳунарие, ки Сурайё коргари он аст, ширкат дар чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳру вилоят ба шумор меравад.

“Ӯ дар ҳама чорабиниҳои шаҳр ва вилоят иштирок мекунад. 52 сол аст, ки дар саҳна аст. Ҷарима карданаш шояд гапи калон набошад, вале ин ба иззати ҳунарманд расидан аст. Бисёр вақт барои ширкат дар чорабиниҳо ҳунармандонро пули зиёд дода меоранд, вале Сурайё ройгон дар чорабиниҳои расмӣ суруд мехонд. Рости гап чизеро нафаҳмидам, ҳайрон шудам”,--гуфт ӯ.

Талоши мо барои суҳбат бо Сурайё Қосимова натиҷа надод. Садбарг Қосимова гуфт, ӯ ҳоло ҳамроҳ бо духтараш, Фарзонаи Хуршед ба Узбекистон барои ширкат дар кадом чорабиние рафтааст.

Дар Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб хабари ҷарима шудани Сурайёро тасдиқ карданд. Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ин ниҳод рӯзи 20-уми июн гуфт, се моҳ боз фаъолияти молиявии тамоми ташкилотҳо дар Кӯлоб санҷида мешаванд ва ҷаримаи Сурайё натиҷаи ҳамин тафтиш аст.

“Кормандони Оҷонсӣ ва Палатаи ҳисоб гуфтанд, ки камбудиҳоро ошкор кардаанд, лекин ҳоло аниқ барои мо нагуфтанд, ки чӣ камбудӣ пайдо кардаанд. Фақат аз чанд камбудии ёфтааш, монанди гуё Сурайё кор нокарда маош гирифтааст, хабардор шудем”,--гуфт ӯ.

Мақомоти Оҷонсии мубориза бо фасод ва Палатаи ҳисоб ҷарима шудани сарояндаро шарҳ надоданд.

Нашрияи “Пайк” навиштааст, ки Сурайё Қосимова маблағи ҷаримаро пардохт кардааст. Ин маблағест, ки ба гуфтаи мақомот, ҳунарманд гуё ҳамчун маош дастрас кардааст, вале корашро анҷом надодааст. Нашрия аз қавли Аловуддин Давлатов, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон навиштааст, ки ҳунарманд кори худро хуб анҷом медиҳад ва ҳамеша вазифаи ба ӯҳдааш гузоштаро иҷро кардааст.

Сурайё Қосимова, ҳунарманди 64-сола то се соли пеш раҳбари дастаи “Фалак”-и назди Шӯъбаи фарҳанги Кӯлоб буд. Ӯро аз вазифа барканор карда буданд, вале ҳамчун корманди одӣ дар ин даста кор мекард.

Сурайё Қосимова аз хурдсолӣ дар саҳнаи ҳунар аст. Ҳоло духтаронаш, Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед низ сарояндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG