Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, ҳар кас ваксина бигирад, 100 доллар -- ҳадя


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе ба мақомоти маҳаллии ин кишвар пешниҳод кард, барои ташвиқи шаҳрвандоне, ки то кунун ваксинаи зидди COVID-19 нагирифтаанд, баробари дарёфти ваксина 100-долларӣ ҳадя диҳанд.

Қарор аст, Ҷо Байден баъзе аз чораҳои дигар, аз ҷумла, пӯшидани ниқоби тиббӣ ва маҳдудиятҳои сафарро эълон кунад. Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", раиси ҷумҳури Амрико дар ҳоле чунин тадбирҳоро рӯи даст гирифтааст, ки дар ин кишвар паҳншавии навъи "Делта"-и коронавирус рӯ ба афзоиш аст.

Кохи Сафед аз касоне, ки то кунун ваксинаи зидди коронавирусро нагирифтаанд, хостааст барои гирифтани он талош кунанд. Аҳолии Амрико 330 миллион нафарро ташкил медиҳад ва то кунун наздик ба 164 миллион нафар ваксина гирифтаанд.

Тибқи муқаррароти нав барои кормандони ҳукумати марказӣ, ҳарчанд гирифтани ваксина маҷбурӣ нест, дар сурати пешниҳод накардани корти гирифтани ваксина, ҳатман дар ҷойи кор бояд ниқоб бипӯшанд ва маҷбур хоҳанд буд, ба таври такрорӣ тест супоранд.

Бар асоси гузоришҳо, то кунун дар ҷаҳон беш аз 4 миллиард нафар ваксина гирифтаанд. Дар Тоҷикистон то ба ҳол ҳудуди 500 ҳазор кас ваксина гирифтаанд. Тоҷикистон аз Амрикову Чин ва Ҳинд ваксина дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG