Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба кӯмаки Литва дар пешорӯи бӯҳрони муҳоҷират


Литва, деҳаи марзии Веребияй. Муҳоҷирони ироқӣ дар як урдугоҳе ба сар мебаранд. Июли соли 2021
Литва, деҳаи марзии Веребияй. Муҳоҷирони ироқӣ дар як урдугоҳе ба сар мебаранд. Июли соли 2021

Як мақоми баландпояи Комиссиюни Аврупо оид ба муҳоҷират аз аъзои Иттиҳоди Аврупо тақозо кард, ки дар заминаи таҷаммӯи ҳазорҳо муҳоҷирони ғайриқонунии аз хоки Беларус ба Литва гузашта мусоидат кунанд. Вазоратҳои дифои кишварҳои Балтика ҳамзамон Беларусро дар “ҳамлаҳои гибридӣ” ё омехта айбдор карданд. Литва ва мақомоти ИА гуфтанд, ки Беларус муҳоҷирон, асосан сокинони Ироқро ба хоки кишварҳои Балтика роҳ медиҳад ва ин амалаш қассосгирӣ барои пуштибонии Аврупо аз мухолифони режими саркӯбгари Александр Лукашенко мебошад.

Илва Йоҳанссон, мудири умури дохилии ИА дар номае ба унвонии вазирони умури дохилии кишварҳои ИА рӯзи 29-уми июл навишт, “истифодаи инсонҳо ҳамчун абзори ҳадафҳои сиёсӣ бояд хотима дода шавад. Бартарияти аввали мо ин аст, ки барои таъмини амнияти марзӣ бо Беларус ба Литва мусоидат кунем”.

Мақомоти Литва гузориш доданд, ки соли ҷорӣ 3 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ марзи ин кишварро убур кардааст, дар ҳоле, ки соли гузашта шумори онҳо ҳамагӣ 81 нафар буд. Тибқи гузоришҳо, Лукашенко дар вокуниш ба таҳримҳои болои Минск баъди интихоботи баҳсбарангези президентии августи порсол ва саркӯби эътирозгарон батакрор таҳдид кардааст, ки ба муҳоҷирон барои убур ба хоки ИА роҳро боз мекунад. Дар натиҷа, рӯзи 29 июл вазирони се кишвари назди Балтика – Литва, Латвия ва Эстонияву аъзои НАТО ба мувофиқа расиданд, ки барои расидагии беҳтар ба бӯҳрони муҳоҷират амалҳои худро беҳтар ҳамоҳанг хоҳанд кард. Арвидас Арусаускас, вазири дифои Литва гуфт, “вазъияти дар марз баамаломада як бӯҳрони маъмулии муҳоҷират нест, ин як ҷанги гибридӣ ба хотири ба ҳам задани суботи ИА, НАТО ва, ба вижа, давлатҳои Балтика мебошад.

XS
SM
MD
LG