Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли Тоҷикистон бо мақомоти Олмон "истирдоди ҷинояткорон"-ро баррасӣ кардааст


Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, бо як сафари корӣ ба Олмон рафта, бо чанд мансабдори он кишвар дар бораи мубориза бо терроризму истирдоди гумонбарон ба ҷиноят суҳбат кардааст.

Дар шаш соли охир даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон паноҳанда шудаанд. Онҳо худро қурбонии саркӯб дар Тоҷикистон медонанд вале мақомот ба ифротгароиву ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ муттаҳам мекунанд.

Дафтари матбуоти Додситонии кул дар бораи ҷузъиёти суҳбатҳо, аз ҷумла оё дахл доштани ин сафар ба қазияи паноҳандаҳои сиёсӣ тафсилот надод.

Аммо бино бар иттилоияи расмии он, Юсуф Раҳмон рӯзҳои 27 ва 28-уми июл бо додситони кулли Олмон, додситони шаҳри Дюсселдорф ва мансабдорони Замини Рейни Шимолӣ-Вестфалия мулоқот кардааст. Минтақаҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бештар ҳузур доранд.

Дар гузашта дар Вестфилия чанд чанд шаҳрванди Тоҷикистон дастгир ва иддае аз онҳо бо гумони ифротгароӣ ба зиндон маҳкум шуданд.

“Дар мулоқот масъалаҳои муқовимат ба терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ду кишвар, парвандаҳои ҷиноии мушаххас, истирдоди ҷинояткорони дар кофтукоб қарордошта... баррасӣ шуданд”, -- навишт дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, “сафар ҳанӯз идома дорад”, вале ҷузъиёташ дастрас нест.

Аз соли 2015 ба ин тараф садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои паноҳҷӯйӣ ва кору иқомат ва таҳсил ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон рафтаанд. Дар миёни онҳо ҷонибдорони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, "Гуруҳи 24", хабарнигорону тоҷирон, ҳомиёни ҳуқуқ ва пайравони равияҳое ба монанди салафия низ ҳастанд.

Аксари ин афрод далели паноҳҷӯйӣ дар кишварҳои аврупоиро ба таъқибу саркӯб ва фишори афзоянда болои дигарандешон дар Тоҷикистон ва парвандаҳои сохта ба зидди онҳо рабт медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон баъзе аз онҳоро расман ба терроризму ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар кишвар муттаҳам кардаанд.

XS
SM
MD
LG