Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали амрикоӣ аз идомаи кумак ба артиши Афғонистон гуфт


Генерал Кеннет МакКензи дар нишасти хабарӣ. Кобул, 25-уми июл
Генерал Кеннет МакКензи дар нишасти хабарӣ. Кобул, 25-уми июл

Дар ҳоле ки гурӯҳи шӯришии Толибон дар остонаи берун рафтани нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон аз "дастовардҳояш" дар майдони ҷанг мегӯяд, як генерали амрикоӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида ба нишони пуштибонӣ аз нирӯҳои Афғонистон ба ҳамлаҳои ҳавоӣ идома хоҳад дод.

Чанд ҳафтаи охир юриши Толибон дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар идома меёбад. То ҳол қаламравҳои зиёд, аз ҷумла, посгоҳҳои марзиву манотиқи шаҳрнишин зери назари шӯришиён гузаштаанд ва бисёриҳо аз сустиву нотавонии артиши Афғонистон сӯҳбат мекунанд.

Генерал Кеннет МакКензи, ки раҳбарии фармондеҳии марказии ИМА-ро ба ӯҳда дорад, гуфт, "Амрико чанд рӯзи охир ҳамлаҳои ҳавоии худро ба нишони пуштибонӣ аз нирӯҳои Афғонистон афзоиш додааст. Дар сурате, ки Толибон ҳамлаҳои худро идома бидиҳанд, Амрико омода аст, дар ҳафтаҳои наздик ироаи кумакҳоро идома диҳад."

Ба қавли генерали амрикоӣ, низомиёни ин кишвар баъд аз 31-уми август ҳам ба нирӯҳои ҳавоии Афғонистон ёрии худро идома медиҳанд, вале аз додани посухи мушаххас дар бораи ин ки оё баъд аз рафтан нирӯҳои амрикоӣ ба ҳадафҳои Толибон ҳамлаҳои ҳавоии мустақим анҷом медиҳанд ё на, худдорӣ кард.

Тибқи гузоришҳо, ҳоло Толибон тақрибан нисфе аз 421 ноҳияи Афғонистонро зери назар доранд ва ба қавли МакКензи, ҳукумати Афғонистон дар рӯзҳои оянда “бо имтиҳони ҷиддие” рӯбарӯ мешавад. Айни замон ӯ таъкид кард, ки пирӯзии Толибон як чизи ногузир нест ва ҳалли сиёсӣ яке аз роҳи ҳалҳо мемонад.

XS
SM
MD
LG