Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо иҷоза дод, ки наврасон ваксинаи "Moderna" бигиранд


Танзимгари аврупоии васоили доруӣ иҷоза дод, ки наврасони аз 12 то 17-сола ваксинаи "Moderna" бигиранд.

Наврасонро низ ба тартиби калонсолон - ду воя дар фосилаи чаҳор ҳафта - ваксина мезананд.

Моҳи майи имсол танзимгари мазкур иҷоза дода буд, ки кӯдакони аз 12 то 15-сола ваксинаи Pfizer/BioNTech бигиранд.

Бино ба омори расмӣ, дар Иттиҳоди Аврупо бештар аз нисфи аҳолии болиғ ваксина гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG