Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду низомии Туркия дар шимоли Сурия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Туркия мегӯяд, ду низомияш дар шимоли Сурия кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд. Вазорати мудофиаи Туркия рӯзи 24-уми июл гуфт, ҳарбиёнаш замоне куштаву маҷруҳ шудаанд, ки корвони онҳо ҳадафи як инфиҷор (таркиш) қарор гирифт. Ба гуфтаи масъулони вазорат, пас аз ин ҳодиса нерӯҳои амниятии Туркия амалиёти низомиро ба роҳ монданд ва то ҳанӯз идома дорад. Касе ё гуруҳе масъулияти ин ҳодисаро расман ба уҳда нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG