Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ду сол боз касе нест." Дар нуқтаи баландтарини Тоҷикистон ба умеди хориҷиҳо ҳастанд. ВИДЕО


Сокинони ноҳияи Мурғоб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба ҷуз аз парвариши қутос қабули сайёҳони хориҷӣ як сарчашмаи даромадашон буд, мегӯянд, беш аз як сол боз аз ин фоида маҳруманд. Ин вазъ дар пайи пандемияи коронавирус ба вуҷуд омадааст.

Хонаводаи Мендигул Апандиева яке аз даҳҳо оилаест, ки пандемияи коронавирус ду сол боз монеи даромад гирифтани онҳо шудааст. То замони паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон, Апандиева ҷаҳонгардони хориҷиро тибқи барномаи “Homestay” дар хонаи худ ҷой медод ва аз ин ҳисоб пул кор мекард. Акнун вазъ ногувор аст.

"Даромади мо аз ҳисоби сайёҳон буд. Дар як сол 50 ё 100 меҳмон доштем. Ду сол мешавад, ки касе нест. Албата, меҳмонон ҳар хел буданд. Баъзеашон пул надоштанд, зеро дар инҷо наметавонанд аз банкомат пул бигиранд. Барои савоб онҳоро ҷой медодем”, -- нақл кард ин зан.

Бо вуҷуди ин буҳрон, Мендигул Апандиева ва сокинони дигари ҷамоати Қароқули ноҳияи Мурғоб мегӯянд, хонаҳоро барои сайёҳон омода кардаанд ва чашм ба роҳи онҳоянду умедворанд, имсол вазъ беҳтар мешавад.

Аличур, деҳаи дигаре дар Мурғоб, истгоҳи сайёҳон аст. Аксар хонаводаҳои он низ аз “Homestay” ва “Hostel” даромад доштаанд. Распаи Замабетов, сокини деҳаи Аличур, ки барои қабули сайёҳон меҳмонхонаи роҳату барҳавое бино кардааст, мегӯяд, бо шурӯи пандемия меҳмонхона муштарӣ надорад ва даромад ҳам намеорад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ноҳияи Мурғоб мунтазири сайёҳони хориҷист
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Ба фарқ аз соли 2020, ки пурра роҳи сайёҳонро ба Мурғоб баст, имсол баъзе аз ҷаҳонгардон ба ин мавзеъ сафар кардаанд, ҳарчанд шумори онҳо бо даврони қабл аз пандемия қобили муқоиса нест.

Франклин Брандализ ва завҷааш Ҷосиен аз ҷумлаи нахустин сайёҳоне ҳастанд, ки дар аҳди пандемия ба Мурғоб рафтаанд ва сокинони маҳаллӣ аз омадани онҳо хушнуданд. Онҳо мегӯянд, зиёрати ин минтақа орзуи деринаашон буд.

“Барои мо коронавирус мушкил нест, иммунитет хуб аст. Агар фикри коронавирусро мекардем, ҳоло дар Бразилия мемондем. Албатта таваккал кардем, бояд зиндагӣ кард”, -- гуфт Брандализ.

Дар умум, имсол 15 сайёҳ ба Мурғоб омадаанд. Мардум мегӯянд, ин хеле кам аст, зеро соли 2019 шумораи ҷаҳонгардоне, ки меҳмони Мурғоб шуданд, аз 4500 бештар буд.

Баҳром Қодиров, масъули ҳукумати ноҳияи Мурғоб, гуфт, “асосан сайёҳони хориҷӣ ба будубоши сокинон таваҷҷуҳ доранд. Бо мардум истода, зиндагии зану шавҳар ва кӯдаконро меомӯзанд. Баъзе чизҳое, ки мо дорем, барои онҳо аҷоиб аст. Аксарияташон сайёҳони экологӣ ҳастанд.”

Ноҳияи Мурғоб дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир буда, қариб ҳазор километр аз пойтахти кишвар дур аст. Ин ноҳияест, ки як гӯшааш дар соли 2011 ба Чин дода шуд. Рангикӯл, Яшикӯл, Қарокӯл, аз кӯлҳои дӯстдоштаи сайёҳон буда, Оқбайтал ва гармчашмаҳои дигар низ дар сайрхати ҷаҳонгардон ҷойи намоён доранд.

XS
SM
MD
LG