Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбони тоҷик дар тирандозии Қуммазор дар марз бо Қирғизистон захмӣ шуд. АКС


Мавзеи Қуммазор дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара
Мавзеи Қуммазор дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара

Шӯҳрат Қурбонов, як марзбони тоҷик дар тирандозии субҳи рӯзи 24-уми июл дар мавзеи Қуммазори ҷамоати Чоркуҳи Исфара наздик ба марзи Қирғизистон захмӣ шуд.

Масъулони ҷамоати Чоркӯҳ рӯзи 24-уми июл бо тасдиқи ин хабар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, марзбони тоҷик ба шифохонаи маркази шаҳри Исфара расонда шудааст. Мақомот мегӯянд, пас аз рух додани ин ҳодиса раиси ноҳияи Бодканди Қирғизистон барои гуфтушунид омад ва раисони ду ноҳияи ҳаммарз дар деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара паси мизи музокирот нишастанд.

Сокинони Қуммазор, ки барои тоза кардани он омадаанд
Сокинони Қуммазор, ки барои тоза кардани он омадаанд

Тирандозӣ дар мавзеи Қуммазори ҷамоати Чоркуҳи Исфара субҳи имрӯз пас аз он рух дод, ки як гурӯҳ аз сокинони ҷамоати Чоркуҳ барои поккории Қуммазор омаданд. Сокинони маҳаллӣ бо реги ин мавзеъ худро пӯшонида истироҳат ва табобат мекардаанд. Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ин мавзеъ қитъаи баҳсӣ набуд ва солиёни дароз сокинони Исфара аз регзори давобахши ин мавзеъ истифода мекарданд.

Ҳабибулло як сокини Чоркӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, "субҳи имрӯз вақте сокинон барои тоза кардани хору алафҳои Қуммазор омаданд, қирғизҳо аз он сӯ омада, эътироз намуда, сангандозӣ карданд."

Ба гуфтаи сокинон марзбонони қирғиз бо таҳдид ва тирандозӣ талаб карданд, ки сокинони Чоркӯҳ Қуммазорро тарк кунанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи сокинон мардуми Исфара ҳар сол аз регзори шифобахши ин мавзеъ истифода мекарданд ва баҳсе сари ин замин вуҷуд надошт.

Аммо расонаҳои Қирғизистон аз ҷумла turmush.kg ин мавзеро "баҳсӣ" унвон карда навиштааст, ҷамъ омадани сокинони Тоҷикистон дар он ҷо "эътирози сокинони як деҳаи қирғизнишин"-ро ба бор овард. Ин пойгоҳ бидуни такя ба манбае иддао кардааст, ки "низомиёни тоҷик нахуст оташ кушоданд ва баъдан ҷониби қирғиз посух дод."

​Марзи Тоҷикистону Қирғизистон тайи моҳҳои охир шоҳиди даргириҳои хунин шуд. Дар муноқишаи охири моҳи апрели имсол ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин рӯйдодҳо 19 нафар кушта, 87 захмӣ шудаанд. Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳои худро 36 ва захмиёнашро 189 нафар эълом доштааст. Додситониҳои ҳарду кишвар барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд.

Дарозии марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он то имрӯз танҳо 519 километри он муайян ва нишонагузорӣ шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG