Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати адлия хост, Иттиҳоди рӯзноманигорони Беларус баста шавад


Борис Гаретский, муовини раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Беларус
Борис Гаретский, муовини раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Беларус

Вазорати адлияи Беларус дар пасманзари афзоиши фишорҳо ба расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ талош дорад, ки Иттиҳоди рӯзноманигорони он кишварро бандад.

Ин ниҳод 21-уми июл аз Додгоҳи олии Беларус расман дархост кардааст, ки Иттиҳоди рӯзноманигорони он кишварро барои "батакрор поймол кардани қонун" барҳам диҳад.

Дархости мазкур пас аз он сурат гирифта, ки мақомоти Беларус як ҳафта пеш дафтари Иттиҳоди рӯзноманигоронро кофтукоб ва 20-уми июл ҳисобҳои бонкии онро бастанд.

"Маълум аст, ки ин як маъракаи шадиди таъқибгароёна ба зидди Иттиҳод мебошад", -- гуфтааст муовини раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Беларус Борис Гаретский.

Вазорати адлияи Беларус дархости худро чунин шарҳ дода, ки Иттиҳод талаботро дар бораи пешниҳоди як қатор санадҳои марбут ба иҷораи коргоҳҳояш иҷро накард. Аммо масъулони Иттиҳод мегӯянд, вазорат ба онҳо вақти кофӣ надод, то санадҳоро омода ва пешниҳод кунанд.

Дархости барҳам додани Иттиҳоди рӯзноманигорон дар пасманзари афзоиши фишори Минск ба расонаҳои мустақил сурат мегирад. Ба иттилои Иттиҳод, дар давоми як ҳафтаи охир дар Беларус 66 коргоҳи расонаву хонаи рӯзноманигор кофтукоб ва 32 хабарнигор ҳабс шудааст.

XS
SM
MD
LG