Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав мегӯяд, танкҳояшро ба наздикии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бурдааст. АКС


Танкҳои Русия дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, 20-уми июли 2021
Танкҳои Русия дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, 20-уми июли 2021

Пас аз эълони тамрини низомиёни Русияву Узбекистон ва Тоҷикистон, ки моҳи оянда доир хоҳад шуд, Маскав танку техникаи низомияшро ба марзи Тоҷикистону Афғонистон бурдааст.

Бо пешрафти Толибон дар шимоли Афғонистон, нигаронии амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар мешавад.

Танкҳоро аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба размоишгоҳи "Ҳарб Майдон", воқеъ дар 20-километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон, бурдаанд.

Танкҳои Русия дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, 20-уми июли 2021
Танкҳои Русия дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, 20-уми июли 2021

Округи марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия, ки пойгоҳи низомии 201-умро раҳбарӣ мекунад, 20-уми июл иброз дошт, ки размоиши “Ҳарб Майдон” бо иштироки низомиёни Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон аз 5-ум то 10-уми август баргузор мешавад.

Бар илова, фармондеҳони рус таъкид карданд, ки дар наздикиҳои шаҳри Тирмиз, воқеъ дар марзи Узбекистон бо Афғонистон, аз 30-юми июл то 10-уми август тамрини муштараки низомиёни Русия ва Узбекистон барпо хоҳад шуд.

Танкҳои Русия дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, 20-уми июли 2021
Танкҳои Русия дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, 20-уми июли 2021

Округи марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия иттилоъ дод, ки дар размоишҳо то якуним ҳазор сарбоз ва беш аз 200 техникаву ҳавопаймоҳои низомӣ истифода бурда хоҳанд шуд.

Бо оғози беруншавии нерӯҳои Амрико аз Афғонистон дар моҳи майи соли равон Толибон чандин минтақаву ноҳияи Афғонистонро ишғол намуданд. Тибқи иттилои манбаъҳои мухталиф феълан аз се ду ҳиссаи марзи Афғонистон бо Тоҷикистон, аз ҷумла гузаргоҳҳои калидии миёни ду кишвар зери назорати Толибони афғон мебошанд.

XS
SM
MD
LG