Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 4 муҳоҷир дар пайи занозаниву тирпарронӣ дар Маскав


Акс аз бойгонӣ

Дар пайи занозании навбатии муҳоҷирон дар Маскав 4 нафар дастгир шудааст.

Хабаргузории ТАСС бо такя ба манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ навишт, ҷанҷоли гурӯҳӣ ва тирпарронӣ 18-уми июл бо иштироки тақрибан 20 муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар назди қаҳвахонае дар шаҳраки Апрелёвкаи вилояти Маскав ба амал омад.

Дар наворе, ки аз ҷойи ҳодиса сабт шудааст, садои тир шунида мешавад. Ба гуфтаи манбаи хабаргузорӣ, муҳоҷирон дар вақти занозанӣ аз калтаку шиша низ истифода бурда, ба чанд мошини канори роҳ зарар расондаанд.

Татяна Петрова, сухангӯи раёсати шӯъбаи корҳои дохилӣ дар вилояти Маскав гуфтааст, рӯзи 20-уми июл чаҳор гумонбари муноқиша дастгир шуда, аз як нафари онҳо туфангчаи травматикӣ ёфтаанд.

Эҳтимол меравад, дар вақти ҷанҷол аз ҳамин таппонча тир кушодаанд. Нисбат ба ҳодиса бар асоси моддаи авбошӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, иштирокдорони дигари занозаниро ҷустуҷӯ доранд.

Дар бораи шаҳрвандони кадом кишвар будани боздоштшудаҳо ишорае нашудааст, вале ба гуфтаи ҳуқуқшиносони маркази “Тонг Ҷаҳонӣ”, рӯзи 20-уми июл дар вилояти Маскав рейд ё амалиёти густурда ҷараён дошт ва “аксаран муҳоҷирони қирғиз ба шӯъбаҳои пулис бурда шуданд”. Баъзе шикоятҳо аз сӯи муҳоҷирони тоҷик низ ба ин марказ расидааст.

XS
SM
MD
LG