Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони ҳизби мухолиф дар Узбекистон: Писарро раҳо карданд, падар боздошт шуд


Хидирназар Оллоҳқулов, роҳбари ҳизби сабтнашудаи "Ҳақиқат ва Тараққиёт" бо тарафдоронаш

Падари хонаводае аз ноҳияи Чинози вилояти Тошканди Узбекистон 10 рӯз ҳабси маъмурӣ шудааст. Писари ӯро моҳи апрели имсол даҳ рӯз ҳабси маъмурӣ карда буданд.

Писарро дар итоат накардан ба амр ва монеъ шудан ба иҷрои кори маъмурони пулис гунаҳкор карданд. Падарро низ бо айни гуноҳ боздошт намудаанд.

Хидирназар Оллоҳқулов, роҳбари ҳизби сабтнашудаи "Ҳақиқат ва Тараққиёт" дар Узбекистон мегӯяд, падару писар барои узвият дар ҳизб ҷазо гирифтаанд.

Рӯзи 21-уми июл Вазорати адлияи Узбекистон дархости Оллоҳқуловро барои сабт кардани ҳизби "Ҳақиқат ва Тараққиёт" напазируфт.

Интихоботи президентӣ дар Узбекистон 24-уми октябри имсол дар назар аст.

Хидирназар Оллоҳқулов моҳи июни соли гузашта хабар дод, ки дар интихоботи президентӣ иштирок мекунад.

XS
SM
MD
LG