Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, пешравии Толибон "таъсири мусбат дорад"


Намояндагони "Толибон" рӯзи 9-уми июл дар Маскав нишасти хабарӣ баргузор карданд
Намояндагони "Толибон" рӯзи 9-уми июл дар Маскав нишасти хабарӣ баргузор карданд

Дар Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтанд, пешравии низомии ҳаракати "Толибон" дар Афғонистон “таъсири мусбат дорад”.

"Худи ин далел, ки Толибон ноҳияҳоро ғасб мекунанд, таъсири мусбат хоҳад дошт", - гуфт Замир Кобулов, мудири департаменти дувуми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Ба гуфтаи вай, Толибон ҳангоми ишғоли шимоли Афғонистон гуруҳҳои дигарро, ки фаъолияташон ба Осиёи Марказӣ, Покистон ва Эрон равона шудааст, "мезананду маҳв мекунанд".

Ба ин тартиб, Кобулов бовар дорад, "Толибон" аз нуқтаи назари амнияти шарикони Русия дар Осиёи Марказӣ "нақши мусбат"-еро мебозад.

Пештар аз ин ҳайати "Толибон" барои гуфтугӯ ба Маскав рафта, пас аз гуфтугӯ нишасти хабарӣ баргузор кард. "Толибон" дар пасманзари хуруҷи Амрико ва ҳампаймононаш аз Афғонистон ҳамла ба неруҳои ҳукуматиро шуруъ карда, бахше аз минтақаҳоро таҳти тасарруфи худ даровардаанд.

XS
SM
MD
LG