Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар натиҷаи омадани сел дар яке аз шаҳрҳои Чин 12 кас ҷон бохт


Вилояти Ҳэнан, Чин, 20-уми июли 2021
Вилояти Ҳэнан, Чин, 20-уми июли 2021

Дар натиҷаи омадани сел дар маркази маъмурии вилояти Ҳэнан - шаҳри Чжэнчжоу камаш 12 нафар ҷон бохтааст. Дар ин бора хабаргузории расмии "Синҳуа"-и Чин иттилоъ дод.

Истгоҳҳои метро ва кӯчаҳои ин шаҳр, ки 10 миллион аҳолӣ дорад, баъд аз боридани борони сахту тӯлонӣ ба рӯдхона мубаддал шудаанд. Ба иттилои хабаргузорӣ, зиёда аз 100 ҳазор касро ба ҷойи бехавф кӯчонданд.

Видеоҳои нашршуда дар Интернет нишон медиҳанд, ки мошину партовҳо дар рӯи об "шино" мекунанд ва мардум дар як ҳолати фоҷиавӣ қарор доранд. Баъзе аз мусофирони метро дар дохили вагонҳо дармондаанд. Ҳамчунин ҷасади шахсони ғарқшуда мушоҳида мешавад.

Бино ба гузориши “Синҳуа”, борони сахт дар Чжэнчжоу рӯзи 21-уми июл низ идома кардааст. "Ингуна борон дар 100 сол як бор меборад. Вазъ мудҳиш аст", - омадааст дар иттилоияи Раёсати пешгирӣ аз офатҳои табиии шаҳр.

XS
SM
MD
LG