Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Беларус ҳисобҳои бонкии чанд созмонро баста, гуруҳеро дастгир кардаанд


Александр Лукашенкоро ба тақаллуб дар интихоботи соли гузашта гунаҳкор мекунанд
Александр Лукашенкоро ба тақаллуб дар интихоботи соли гузашта гунаҳкор мекунанд

Мақомоти Беларус суратҳисобҳои бонкии Анҷумани хабарнигорони ин кишварро баста, дар пайи саркӯби созмонҳои ғайриҳукуматӣ, одамони зиёдеро дастгир кардаанд.

Анҷумани хабарнигорони Беларус 20-уми июл дар Телеграм навишт, ки пас аз кофтукоби дафтари онҳо аз тарафи полис, “ҳисобҳои бонкӣ дастнорас ва ҳамагуна амалиёти бонкӣ номумкин шуд”.

ПЕН-клуби Беларус ва созмони хайрияи "Имена" низ гуфтанд, ки рӯзи 19-уми июл суратҳисобҳои бонкии онҳо бидуни ҳеч шарҳе дастнорас гардид.

Бино ба гузориши расонаҳо, ин шабу рӯз полис як ҷуфти таърихшиносро дар Минск боздошт кардааст. Чеҳраи дигари мухолифин Юра Ҳубаревич рӯзи 20-уми июл гуфт, ҳамсари собиқаш дастгир шуд. Ӯ раиси ҷунбиши "Барои озодӣ" аст.

Мақомоти Беларус дар пайи эътирозҳои оммавӣ, ки пас аз интихоботи баҳсбарангези президентии моҳи августи соли гузашта шурӯъ шуд, ба саркӯби расонаҳо ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон даст заданд.

Мухолифини Беларус ва кишварҳои ғарбӣ ҳокими худкома Александр Лукашенкоро ба тақаллуб дар интихобот гунаҳкор мекунанд. Онҳо бовар доранд, ки дар он маъракаи сиёсӣ Светлана Тихановская, пешвои мухолифин, пирӯз шуда буд.

Лукашенко аз соли 1994 ҷилави қудратро дар ин кишвари пасошӯравӣ ба даст дорад. Тихановская пас аз интихоботи баҳсбарангез дар хориҷа аст.

XS
SM
MD
LG