Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Партоби се мушак ба маркази Кобул


Яке аз мушакҳо дар назди Арки раёсати ҷумҳурии Афғонистон бархӯрд.
Яке аз мушакҳо дар назди Арки раёсати ҷумҳурии Афғонистон бархӯрд.

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки рӯзи 20-уми июл ба камияш се мушак ба маркази шаҳри Кобул партоб шудааст. Партоби ин мушакҳо дар ҳоле рух дод, ки президент Ашраф Ғанӣ дар Арки раёсати ҷумҳурӣ бо мақомоти дигари давлатӣ намози Иди Қурбон мехонд.

Мирвайс Станакзай, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, гуфт, ки мушакҳо дар минтақае, ки қасри раёсати ҷумҳурӣ ва сафоратхонаҳо ҷойгир ҳастанд, бархӯрданд. Ба гуфтаи вай, касе дар ин ҳодиса захмӣ нашудааст.

То кунун касе масъулияти ин ҳамлаҳоро ба ӯҳда нагирифтааст.

Ашраф Ғанӣ чанд дақиқа баъд аз ин ҳамлаҳо гуфт, гурӯҳи Толибон барои сулҳ ирода надорад.

Ин изҳороти оқои Ғанӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки Толибон ахиран минтақаҳои зиёдеро дар Афғонистон ба тасарруфи худ дароварданд.

Қарор аст, нерӯҳои хориҷӣ то охири моҳи оянда Афғонистонро тарк кунанд ва музокироти дурӯзаи ҳайати баландпояи ҳукумати Афғонистон бо Толибон ҳам дар Доҳа - пойтахти Қатар бенатиҷа будааст. Ҷонибҳо муваффақ нашуданд, ки дар рӯзҳои Иди Қурбон оташбас эълон кунанд.

XS
SM
MD
LG