Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати маорифи Қирғизистон: Ягон донишҷӯйи тоҷик шикоят накард


Донишгоҳи технологии Уш
Донишгоҳи технологии Уш

Вазорати маорифи Қирғизистон мегӯяд, аз моҳи апрели имсол ба ин тараф аз ягон донишҷӯйи тоҷики мактабҳои олии ин кишвар дар бораи таҳдид ва ё таъқиб шудан шикоят нагирифтааст. Гузашта аз ин, ба гуфтаи вазорат, садорати донишгоҳҳо ҳангоми муноқишаи марзии баҳори имсол ба муҳассилини тоҷик ҳамаҷониба кумак расондаанд. Дар ин ниҳод гуфтаанд, феълан дар макотиби олии Қирғизистон 1932 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Ин гуфтаҳои Вазорати маорифи Қирғизистон дар ҳолест, ки рӯзи 16-уми июл Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маорифи Тоҷикистон, ваъда дод, дар сурати муроҷиати донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии Қирғизистон таҳсил мекунанд, онҳоро ба донишгоҳҳои кишвар хоҳанд овард.

XS
SM
MD
LG