Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намози Иди Қурбон дар масҷидҳои Тоҷикистон хонда шуд. АКС


Намози ид дар масҷиди марказии Душанбе.
Намози ид дар масҷиди марказии Душанбе.

Субҳи 20-уми июл дар масҷидҳои шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон намози Иди Қурбон хонда шуд. Бори аввал аст, ки намози Иди Қурбон дар шароити пандемия баргузор мешавад. Ба фарқ аз соли гузашта, имсол Кумитаи дин иҷозат дод, ки дар масҷидҳои панҷвақта низ сокинон намози идро бихонанд.

Дар масҷиди марказии Душанбе ба монанди солҳои пеш намозгузорон зиёд набуданд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо, гуфт, ба хотири он ки дари масҷидҳои панҷвақта дар рӯзи Иди Қурбон кушода буд, намозгузорон камтар ба масҷиди марказӣ омаданд.

Сокинон қабл аз вуруд ба Масҷиди марказии шаҳри Душанбе аз дастгоҳи ташхиси маводи тарканда ё фулузот мегузаштанд. Бидуни ниқоб намозгузоронро ба дохили масҷид роҳ намедоданд ва муфтӣ ҳам чанд маротиба аз намозгузорон хост, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд. Вале бархе намозгузорон дар масҷид ниқоби тиббӣ надоштанд ва фосилаи иҷтимоӣ ҳам чандон риоя намешуд.

АКСҲО АЗ НАМОЗИ ИДРО ДАР ИНҶО БУБИНЕД:

Шӯрои уламои Маркази исломӣ-ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар ду рӯз пеш аз ид, аз сокинон хост, то аз идгардак ё хона ба хона гаштани наврасон ҷилавгирӣ кунанд. Вале мушоҳидаи мо нишон дод, ки ин қоида чандон риоя намешавад ва аз субҳи барвақт наврасони зиёде дар кӯча буданд.

Соли гузашта Иди Қурбон дар Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус бидуни намози дастаҷамъӣ баргузор шуда буд. Барои баргузории намози дастаҷамъона дар Иди Рамазон дар 13-уми моҳи майи имсол мақомот иҷозат дода буданд. Рӯзи 19-уми июл Кумитаи дин гуфт, ба таври истисно барои баргузории намози ид дар масҷидҳои панҷвақта ҳам иҷозат додаанд, то дар масҷидҳои ҷомеъ мардуми зиёд ҷамъ нашавад. То ин дам намози ид танҳо дар масҷидҳои ҷомеъ баргузор мешуд.

Иди Қурбон, яке аз ду иди мусалмонӣ, солҳо боз дар Тоҷикистон истироҳати расмӣ эълон шудааст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, ба қурбонӣ ва дигарон барои зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.

XS
SM
MD
LG