Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Қурбон нархи чорворо дар Тоҷикистон қимат кардааст. ВИДЕО


Як рӯз пеш аз Иди Қурбон бозори фурӯши чорво серодам буд

Фарорасии Иди Қурбон нархи чорворо дар Тоҷикистон якбора боло бурдааст. Сокинон мегӯянд, нархи як гӯсфанд то 3,5 ҳазор ва нархи буз то 1600 сомонӣ расидааст, ки барои онҳо гарон аст. Аммо фурӯшандаҳо далели якбора болоравии нархро ба гаронии ғизои чорво рабт медиҳанд.

Фардо 20-уми июл дар Тоҷикистон Иди Қурбон ҷашн гирифта мешавад. Бисёре аз сокинони кишвар аз имрӯз барои таҷлили Иди Қурбон омодагӣ мегиранд ва бозору мағозаҳо ҳам ин шабу рӯз серодам аст. Болоравии нархи маҳсулот ҳам дар иду айём зоҳиран дигар мардумро ҳайрон намекунад. Вале имсол ба гуфтаи харидорон, нархи чорво дар Тоҷикистон ба таври чашрас боло рафт.

Самариддин Ҷалолов, сокини шаҳри Душанбе барои хариди чорво ба бозори ноҳияи Рӯдакӣ рафтааст. Ӯ даҳ соли ахир дар Иди Қурбон чорво забҳ мекунад. Мегӯяд, имсол фурӯшандаҳо нархи чорворо баланд бардоштаанд ва як бузро то 2 ҳазор сомонӣ нарх гузоштаанд.

"Ин хел баланд кардани нарх дар ид дуруст нест. Дар тамоми мамлакатҳои мусулмонӣ нарху наво дар ид арзон шавад, дар мо бошад баръакс, нархҳо баланд мешавад,"-афзуд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Дар арафаи ид нархи чорвои қурбонӣ гарон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Бархе харидорон ба монанди Самариддин бар инанд, ки тоҷирон дар арафаи иду ҷашнҳо, хусусан идҳои мусалмонӣ, ки талабот ба молу маҳсулот меафзояд, аз фурсат сӯистифода мекунанд. Назаре, ки тоҷирон қабул надоранд.

Саъдулло Нуралиев, фурӯшандаи чорвои хурд мегӯяд, мардум бояд вазъияти онҳоро фаҳманд. Ин тоҷир афзуд, нархи як килограм кунҷора аз 3,5 ба 5,5 сомонӣ ва нархи як баста алаф (пресс) аз 17 ба 30 сомонӣ расид. “Мо чихелӣ кунем, худат фикр кун? Ба ҳамон нархи алафу кунҷора дида нигоҳ кунем, чорво он қадар қимат нест.”

Дар Тоҷикистон мисли дигари кишварҳои мусалмоннишин онҳое ки имкони молӣ доранд, дар Иди Қурбон чорво забҳ мекунанд. Ба ин хотир дар рӯзҳои пеш аз ид талабот ба чорво якбора зиёд мешавад. Як рӯз пеш аз ид, садҳо сар гӯсфанд, буз ва гов барои фурӯш ба бозорҳои канори пойтахт оварда шудаанд. Нархи як гӯсфанд, ки чорвои асосӣ барои қурбонӣ гуфта мешавад, дар бозори канори Душанбе то 3,5 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Вале сарфи назар аз нархҳои гарон, харидорон низ дар бозор кам нестанд. Ҳарчанд бархе фурӯшандаҳо гуфтанд, имсол талабот ба чорвои қурбонӣ камтар шудааст.

Баъзе тоҷирон гуфтанд, талабот ба чорво имсол камтар шудааст
Баъзе тоҷирон гуфтанд, талабот ба чорво имсол камтар шудааст

"Талабот имсол суст аст. Мардум пул надорад ё аз ҳисоби дигар чиз бошад, ки имсол харидор камтар аст,"-гуфт Маҳмадулло Раҳматов, як фурӯшандаи чорво.

Ба ҷуз аз нархи чорво, ин шабу рӯз шикояти сокинон аз гарон шудани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозор ҳам зиёд шунида мешавад. Шикояте, ки тақрибан дар ҳар иду ҷашнҳо ба гӯш мерасад ва то ҳол роҳи ҳалле пайдо накардааст.

Иди Қурбон-яке аз ду иди асосӣ барои мусалмонон аст ва рӯзи истироҳатӣ мебошад. Соли дуюм аст, ки ин ид дар шароити пандемияи COVID-19 мегузарад. Дар рӯзи Иди Қурбон сокинон баъди намоз барои табрикот ба манзили ҳамдигар мераванд. Ҳарчанд Шӯрои уламои Тоҷикистон аз сокинон даъват кард, то ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз идгардак бахусус хона ба хона гаштани наврасон пешгирӣ шавад.

Таҷлили иди Фитр дар Тоҷикистон 13 майи соли 2021
Таҷлили иди Фитр дар Тоҷикистон 13 майи соли 2021

Соли гузашта Иди Қурбон дар Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус бидуни намози дастаҷамъӣ баргузор шуда буд. Барои баргузории намози дастаҷамъона дар Иди Рамазон дар 13-уми моҳи майи имсол мақомот иҷозат дода буданд. Рӯзи 19-уми июл Кумитаи дин гуфт, ба таври истисно барои баргузории намози ид дар масҷидҳои панҷвақта ҳам иҷозат додаанд, то дар масҷидҳои ҷомеъ мардуми зиёд ҷамъ нашавад. То ин дам намози ид танҳо дар масҷидҳои ҷомеъ баргузор мешавад.

Таҷрибаи як соли гузашта нишон дод, ки сарфи назар аз гаронии нархи маҳсулот ва муҳимтар аз ин шароити пандемия, бештари сокинон дар Тоҷикистон аз таҷлили идҳои Рамазону Қурбон худдорӣ намекунанд.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG