Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Қурбон дар Тоҷикистон 20-уми июл баргузор мешавад


Акс аз намози Иди Қурбон дар соли гузашта
Акс аз намози Иди Қурбон дар соли гузашта

Иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми июл таҷлил хоҳад шуд.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 11-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси моҳшумории исломӣ Иди Қурбон рӯзи 20-уми июл фаро мерасад. Ӯ гуфт, рӯзи 13-уми июл дар ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар бо мушаххасот рӯзи идро расман эълон хоҳанд кард.

"Имрӯз дар тамоми олами ислом рӯзи 1-уми моҳи зулҳиҷҷа аст. Агар имрӯз якуми зулҳиҷҷа аст, пас ҳатман рӯзи 20-уми июл рӯзи иди Қурбон аст.",--гуфт муфтии Тоҷикистон.

Соли гузашта Иди Қурбон дар Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус бидуни намози дастаҷамъӣ баргузор шуда буд. Барои баргузории намози дастаҷамъона дар Иди Рамазон дар 13-уми моҳи майи имсол мақомот иҷозат дода буданд. Он замон мақомот мегуфтанд, ки дар кишвар коронавирус нест, вале ҳоло ба гуфтаи сокинон ва мақомот, сироят ба коронавирус дар кишвар афзоиш ёфтааст.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки барои баргузории намози дастаҷамъии Иди Қурбон мунтазири тавсияи Ситоди муқобила бо коронавирус ҳастанд.

"Ҳоло ягон қароре нест. Бо риояи қоидаҳои беҳдоштиву фосилаи иҷтимоӣ ва риояи таъкидҳои Вазорати тандурустӣ дар масҷидҳо намозҳо баргузор шуда истодааст. Ҳоло дар бораи баргузории Иди Қурбон аз вазорат хабаре дастрас накардаем. Мабодо, Худое накарда, агар Вазорати тандурустӣ гӯяд, ки хатар аст ва дастаҷамъона баргузор накунед, мо ҳамчун мусалмон гуфтаи мутахассиси соҳаро ба назар мегирем. Дар дини мо ҳам гуфта шудааст, ки шумо ба гуфтаи мутахассиси соҳа амал кунед.",--гуфт ӯ.

Вазорати тандурустӣ рӯзи гузашта эълон кард, ки 43 мавриди сирояти сокинон ба коронавирусро сабт кардааст ва ду нафари гирифтор ба ин вирус фавтидаанд. Ба гуфтаи ин вазорат, аз оғози пандемия 102 нафар пас аз сироят ба ин вирус фавтидаанд. Оморе, ки коршиносон ба он бовар надоранд ва омори воқеиро ба маротиб бештар медонанд.

Мақомоти тоҷик аз моҳи январ то охири моҳи июн пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар гирифторӣ ба КОВИД-19 сабт нашудааст.

Рӯзи 21-уми июн Ситоди муқобила бо коронавирус тасдиқ кард, ки дар кишвар сокинон ба КОВИД-19 сироят ёфтаанд.

Дар ду моҳи ахир низ исми даҳҳо нафар, ки дар миёнашон чеҳраҳои шинохта низ ҳастанд, нашр шуд, ки пас аз гирифторӣ ба КОВИД-19 фавтидаанд.

Бо ин вуҷуд, мақомот чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла баргузории “маршировка” ба хотири таҷлил аз сӣ солагии истиқлолиятро қатъ накардаанд.

XS
SM
MD
LG